Ovozi.uz

IТ: маҳаллаҳои дурдаст ба воситаи моҳвора бо алоқа таъмин мегарданд

Рушди соҳаи технологияҳои рақамӣ барои иқтисодиёти кишвар аҳамияти муҳим дорад. Президентамон таъкид намуда буд, ки ҳар як соҳа ва минтақа дар ҳамоҳангӣ бо технологияҳои рақамӣ рушд наёбад, мамлакат ривоҷ нахоҳад ёфт.

Дар стратегияи «Ӯзбекистони рақамӣ — 2030» ба IT-хаби Осиёи Марказӣ табдил додани Ӯзбекистон ҳамчун яке аз вазифаҳои асосӣ муайян гардидааст. Бар асоси ин, дар вилояти мо ҳам барои рушди соҳаи технологияҳои рақамӣ якчанд корҳо амалӣ мешаванд. Дар ин бора дар анҷумани матбуотие, ки дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки сарвари шуъбаи вилоятии Вазорати технологияҳои рақамӣ Дилмурод Хӯҷамбердиев гузашт, маълумот дода шуд.

Зикр гардид, ки дар вилоят ҳаҷми хидматҳои алоқа ва ахборикунонидан дар охири сол ба 2 триллиону 700 миллиард сӯм, ҳаҷми хидматҳои аз ҷониби резидентҳои IT-парк нишондодашуда ба 18 миллион доллар хоҳад расид. Ин аз он далолат медиҳад, ки дар се соли охир хидматҳое, ки дар соҳа нишон медиҳанд, ба ду баробар зиёд мешаванд.

— Дар натиҷаи дода шудани имтиёзҳои андоз ва молиявӣ дар соҳа, резидентҳои IT-парк то соли 2030 аз андози фоида, қимати иловагӣ ва андозҳои иҷтимоӣ озод карда шудаанд, — гуфт Д.Хӯҷамбердиев. — Инчунин, ба воситаи платформаи «Равзанаи ягона» литсензиякунонӣ ва гирифтани резидентӣ осон гардид. Оид ба омода намудани кадрҳо платформаи «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ карда шуд, дар минтақаҳо фаъолияти академияҳои «IT Academy», «Astrum IT Academy», IT-парк, «School‑21», Ворисони Муҳаммад ал-­Хоразмӣ, шаҳрҳои IT ва лоиҳаҳои «Панҷ миллион пешсафони зеҳни сунъӣ» оғоз ёфтанд ва ҳар сол тақрибан 100 ҳазор ҷавон дар соҳаи IT ройгон таълим мегиранд.

Дар нишасти матбуотӣ роҷеъ ба корҳое, ки дар оянда бояд амалӣ шаванд, маълумот дода шуд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки ҳамаи маҳаллаҳои истиқоматии минтақа бо алоқаву интернети мобилӣ пурра таъмин гардида ва барои афзоиши фарогирии алоқа дар маҳалҳои дурдаст технологияҳои алоқаи моҳвораӣ ҷорӣ карда мешаванд. Инчунин, то соли 2030 беш аз 300 ҳазор сокинон ва ҷавонон дар соҳаҳои зеҳни сунъӣ, рақамикунонӣ, барномасозӣ ва дигар самтҳо таълим мегиранд. Дар филиали вилоятии Донишгоҳи технологии Тошканд лабораторияи омӯзишӣ оид ба зеҳни сунъӣ таъсис дода мешавад ва дар шаҳри Самарқанд сохтани ду IT-парки замонавӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳасан СОДИҚОВ