Дар гӯшаҳои гуногуни дунё объектҳои нодири геологӣ ва ҷуғрофӣ пинҳонанд. Бисёре аз онҳо чунон ғайриоддӣ менамоянд, ки гӯё на табиат, балки зеҳни сунъӣ онҳоро офарида бошад.
Даллол — Эфиопия. Даллол — вулқони фаъол буда, дар шимолу шарқи Эфиопия ҷойгир аст. Он яке аз ҷойҳои ғайриоддитарини рӯи Замин ҳисоб мешавад. Даллол дар ҷаҳон вулқоне мебошад, ки ниҳоят паст ҷойгир шудааст. Дар кратери он кӯли кислота мавҷуд аст. Аз рӯи фикри олимон, эҳтимоли мавҷудияти микроорганизмҳои зинда дар обҳои геотермалии он бисёр паст аст.
Ин минтақа яке аз гармтарин ва хушктарин ҷойҳои рӯи Замин ба ҳисоб меравад. Ҳарорати миёнаи солона тақрибан 34,7°С буда, боришот қариб умуман намешавад.
Сангҳои курашакли Босния. Дар дараи Високо, дар маркази Босния, меҳмонон метавонанд сангҳои курашаклеро бинанд, ки диаметрашон то ду метр мерасад. Ин гуна ҳосилаҳоро конкретсия меноманд.
Конкретсияҳо на танҳо шакли гирд, балки вобаста ба шароит, шаклҳои гуногун ҳам мегиранд. Атрофи як марказ (баъзан органикӣ) минералҳо тадриҷан ҷамъ мешаванд ва бо гузашти вақт ба як сохтори сахт табдил меёбанд.
Ал-Наслаа. Дар Арабистони Саудӣ аз воҳаи Тайма 50 километр дар ҷануб санги азими регсангӣ қарор дорад, ки ба ду қисм тақсим шудааст. Онро Ал-Наслаа меноманд. Як тарафи санг бо нақшҳои қадимаи сангнавишт пӯшида шудааст, ки эҳтимол одамони бостонӣ онҳоро гузоштаанд.
Пули Гигантҳо. Пули Гигантҳо яке аз машҳуртарин ҷойҳои диданбоби Ирландияи Шимолӣ аст. Дар қадим дар натиҷаи ба вуҷуд омадани вулқон тақрибан 40 ҳазор сутуни базалтӣ ба вуҷуд омадааст. Баландии сутуни баландтарин тақрибан 12 метр аст.
Бисти Бадлендс — ИМА. Касе, ки ба биёбони Бисти Бадлендси ИМА (дар иёлати Ню-Мексико) меравад, андеша мекунад, ки ба сайёраи дигар омадааст. Теппаҳо дар натиҷаи шамол ва борон ба шаклҳои аҷиби ҳайкалмонанд табдил ёфтаанд.
Ғори Фингал. Ғори Фингал дар ҷазираи Стаффаи Шотландия ҷойгир аст. Деворҳои он аз сутунҳои базалтӣ иборат буда, мисли хатҳои рост ва муназзам менамоянд.
Дарахти сангӣ. Ин санги ғайриоддӣ, ки “Арбол де Педра” ном дорад, дар ҷанубу ғарби Боливия ҷойгир аст. Баландии он тақрибан 5 метр мебошад. Ин шакл дар натиҷаи шамолҳои сахт ва фарқияти зичии қабатҳои санг ба вуҷуд омадааст.
Сутунҳои базалтии Ҳердуберг. Сутунҳои базалтии Ҳердуберги Исландия дар натиҷаи ҷараёни лаваи вулқонӣ ба вуҷуд омадаанд ва яке аз рамзҳои табиати Исландия ба шумор мераванд.
“Симфонияи сангҳо”. Ин мавзеъ, ки бо номи “Органи базалтӣ” низ маъруф аст, аз сутунҳои шашкунҷа ва панҷкунҷаи базалтӣ иборат мебошад. Он дар наздикии деҳаи Гарнии Арманистон ҷойгир аст.
Кӯли Кингслӣ. Ин кӯл дар ИМА — Флорида воқеъ аст ва қариб шакли доираи комил дорад. Он дар натиҷаи ҳалшавии қабатҳои оҳаксанг ба вуҷуд омадааст.
