Дар Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд маркази медиа, ки дорои таҷҳизоти муосир ва технологияҳои ахборӣ мебошад, таъсис дода шуд.
Ба муносибати ифтитоҳи ин марказ бо иштироки намояндагони ВАО-и вилоят ва кормандони хидмати ахбори муассисаҳои таҳсилоти олӣ пресс-тур баргузор гардид.
— Маркази медиа бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти умумии донишкада, омода кардани маҳсулоти муосири медиа бо истифода аз самаранокии технологияҳои ахбориву коммуникатсионӣ ва зеҳни сунъӣ таъсис дода шудааст, — гуфт ректори донишкада Баҳодир Холиқов. — Дар ин ҷо маҳсулоти ахборӣ барои баланд бардоштани обрӯи байналмилалии муассисаи мо омода ва тавассути ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ паҳн карда мешаванд. Дар ҳамкорӣ бо хидмати ахборӣ омода кардани пресс-релизҳо, мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва гузоришҳо ва дигар маҳсулоти шабеҳ ба нақша гирифта шудааст. Барои донишҷӯёни таҳсилоти фосилавӣ платформаи дарсҳои видеоӣ низ таъсис дода мешавад. Дарсҳои кушодаи профессорон сабт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда мешаванд. Барои ин, марказ бо навтарин таҷҳизоти компютерӣ, камераҳои аксбардорӣ ва видеоӣ, таҷҳизоти сабти садо, таҷҳизоти равшанӣ ва нармафзори махсус барои таҳрири ахбор муҷаҳҳаз карда шуд. Барои сабт як утоқи муосири акустикӣ таъсис дода шуд. Дар марказ як директор ва чор корманд кор мекунанд. Ҳамзамон, донишҷӯёни мо, ки журналистикаи байналмилалиро меомӯзанд, имкон доранд, ки дониши назариявии худро дар амалия мустаҳкам кунанд ва малакаҳои касбиро дар ин ҷо ба даст оранд. Донишҷӯёни мо дар маркази медиа рӯзномаи «Янги Ренессанс»-ро роҳандозӣ карданд ва ҳоло корҳо барои ташкили радиои институт идома доранд.
Иштирокчиёни пресс-тур бо фаъолияти маркази медиа ва имкониятҳои он шинос шуданд. Рӯзноманигорони ботаҷриба ба кормандони марказ тавсия ва маслиҳатҳои худро доданд.
Сипас, иштирокдорони пресс-тур бо донишҷӯёни бахши журналистикаи байналмилалии донишкада мулоқот карданд.
— Мо таъсис ёфтани ин маркази медиаро дер боз интизор будем ва боиси хурсандии ҳамаи мост, ки имрӯз фаъолияти марказ ифтитоҳ шуд, — гуфт донишҷӯи курси сеюми донишкада Элвира Турсунтошева. — Мо то кунун бисёр лоиҳаҳои худро амалӣ намудаем. Вале барои ба тарзи профессионалӣ навор гирифтани лоиҳаҳо шароит надоштем. Таъсиси марказ барои мо айни муддао шуд. Шахсан худи ман лоиҳаи «Интеллект»-и худро роҳандозӣ карда будам, вале наворҳои мо сифати нисбатан пасттар пешкаши тамошобинон карда мешуд. Акнун умедворам, ки қисмҳои баъдии «Интеллект» ба тарзи бояду шояд наворбардорӣ ва пешкаши ҳаводорони барнома мегарданд.
Иштирокдорони чорабинӣ фаъолияти «маркази ситуатсионӣ», маркази касб, дафтари бақайдгирӣ, лабораторияи тарҷумаи ҳамзамонӣ ва маркази «Қадаме ба оянда»-ро, ки дар донишкада ташкил шудааст, мушоҳида карданд. Маросими ифтитоҳи хобгоҳ барои донишҷӯёни хориҷӣ низ баргузор шуд.
Ба гуфтаи ҷонишини ректори донишкада Умид Ҷумъаназров, барои назорати сифати таълим, дар ҳамаи факултетҳо ва синфхонаҳо камераҳои муосири назоратӣ насб карда шудаанд, ки имкон медиҳанд дарсҳои таълимӣ мунтазам ва дар вақти воқеӣ назорат карда шаванд. Ин вазифаро маркази ситуатсионӣ, ки дар назди шуъбаи таълимӣ ва методӣ таъсис дода шудааст, иҷро мекунад. Мониторҳое, ки дар марказ насб шудаанд, ҷараёнҳои таълимии на танҳо бинои асосии таълимӣ, балки факултетҳои институтро, ки дар ноҳияҳои Самарқанд, Нарпай ва Пайариқ воқеъ мебошанд, мустақиман назорат мекунанд. Дар оянда технологияҳои зеҳни сунъӣ ба таври васеъ ба фаъолияти марказ ҷорӣ карда мешаванд ва имкони таҳлили ҳар як дарс фароҳам оварда мешавад.
Дар минтақае, ки биноҳои асосии таълимии донишкада ва хобгоҳҳои донишҷӯён ҷойгиранд, барои донишҷӯёни хориҷӣ хобгоҳи 40-ҷой таъсис дода шудааст. Ҳар яке аз 16 ҳуҷраи он душ ва ҳоҷатхонаи алоҳида дорад. Ошхона ва утоқҳои ҷомашӯии умумӣ низ бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Ҳоло дар донишкада 61 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунанд.
Ҳасан Сулаймонӣ
