Яхдонхонаҳо дар таъмини солонаи меваю сабзавоти аз витаминҳо ғанӣ, ки барои аҳолӣ пешбинӣ шудаанд, дароз кардани муҳлати нигоҳдорӣ, тару тозагӣ, мазза ва таркиби аслии онҳо нақши муҳим мебозанд. Аз ин рӯ, зарурати бештар шудани яхдонанборҳо барои қонеъ кардани ин талабот сол аз сол муҳимтар мегардад.
Яке аз хоҷагиҳое, ки анбори сабзавот дорад, хоҷагии бисёрсоҳавии «Аъзам, Азамат Агро»-и ноҳияи Самарқанд мебошад. Яхдонанборҳои он метавонанд, ҳамзамон зиёда аз 1800 тонна меваю сабзавотро нигоҳ доранд.
— Қаблан, аксари маҳсулоти кишоварзии мо пас аз ҷамъоварӣ фавран фурӯхта мешуданд. Ин аксар вақт барои мо зиён меовард, зеро мо маҷбур будем онро худамон дар бозорҳои маҳаллӣ ё ба яклухтфурӯш (оптовик) фурӯшем, ки ин ба зарари мо буд, — гуфт раиси хоҷагӣ Аҳмадҷон Султонов. — Давраи нигоҳдорӣ, хусусан зироатҳои барвақтӣ ва буттамеваҳо, ки боиси талафоти назаррас мешуданд, маҳдуд буд. Акнун, пас аз насб кардани анборҳои замонавии яхдондор, вазъият ба таври куллӣ тағйир ёфтааст.
Соли 2012 якҷоя бо шарикони туркиягӣ аввалин яхдонанбори 500‑тоннагӣ ба кор андохта шуд ва ба зудӣ фоидаи худро расонидан гирифт. Пас аз якчанд сол анбори дуюм, ки иқтидораш 700 тонна буд, сохта шуд. Анбори навбатии сабзавотро бо иқтидори 600 тонна дар ҳамкорӣ бо мутахассисони хитоӣ сохтем. Ба шарофати ҳамаи ин, хоҷагӣ ҳоло дар фурӯши меваю сабзавот мушкиле надорад.
Маҳсулоти кишоварзие, ки дар анборҳо нигоҳ дошта мешаванд, бо нархҳои рақобатпазир ва бо шартҳои мусоид фурӯхта мешаванд, ки фоидаи хоҷагиро ба таври назаррас афзоиш медиҳад. Бояд қайд кард, ки дигар хоҷагиҳо ва хоҷагиҳои хурд низ маҳсулоти кишоварзии худро дар ин анборҳои сабзавот нигоҳ медоранд ва ин барои хоҷагии «Аъзам, Азамат Агро» даромади иловагӣ меорад.
— Ба шарофати ислоҳоте, ки ҳукуматамон амалӣ мекунад, мо мисли бисёр хоҷагиҳои дигар, тавонистем дар бахши кишоварзӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардем, — идома дод А.Султонов. — Хоҷагии мо соли 2006 бо ҳамагӣ 20 гектар замин ва шаш коргар таъсис ёфта буд, ҳоло ба як хоҷагии гуногунҷабҳа табдил ёфт, ки майдонҳои он беш аз 110 гектарро ташкил медиҳанд.
Хоҷагии «Аъзам, Азамат Агро» уҳдадориҳои шартномавии худро бо давлат оид ба фурӯши ғалла, сабзавот, мева, ангур ва маҳсулоти гӯшту шир мунтазам барзиёд иҷро мекунад. Тадбирҳои саривақтии кишоварзӣ дар майдонҳои ғалладонагӣ, ки имсол ба онҳо 10 гектар ҷудо карда шудааст, имкон доданд, ки аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 75 сентнер ғалла ҷамъоварӣ карда шавад. Майдонҳое, ки дар онҳо картошкаи барвақтӣ ва тирамоҳӣ кишт карда шуданд, низ ҳосили хуб доданд — 250–300 сентнер аз ҳар гектар.
Тақрибан аз 60 гектаре, ки барои боғҳои интенсивӣ ҷудо карда шудаанд, 20 гектар барои себзор пешбинӣ шудааст, дар ҳоле ки замини боқимонда барои боғҳои шафтолу, гелос ва нок истифода мешаванд. Токзор 25 гектарро фаро мегирад, ки навъҳои «Ҳусайнӣ», «Тоифӣ», «Суғдиёна», «Мерс» ва ғайраи ангурро парвариш мекунанд. Имсол дар зиёда аз 250 сентнер буттамеваҳои офтобӣ ҷамъоварӣ карда шуданд. Се гектар барои бо усули олтиариқӣ парвариши навъи ангури «Ризомат» истифода мешавад.
Хоҷагии «Аъзам, Азамат Агро» ҳар сол ҳаҷми зиёди меваю сабзавотро ба Қазоқистон, Россия ва Аврупо содирот мекунад. Дар хоҷагӣ зиёда аз 80 нафар коргарони доимӣ ва зиёда аз 150 нафар коргарони мавсимӣ кор мекунанд, ки бо тамоми шароити зарурӣ, аз ҷумла нақлиёт таъмин карда шудаанд. Дар ин ҷо, инчунин 300 сар чорвои ширдеҳ ва зиёда аз 20 ҳазор мурғи бройлерӣ нигоҳ дошта мешавад.
— Соли 2014 мо қарор кардем, ки парвариши чорвои калони шохдорро оғоз кунем, — иброз дошт А.Султонов. — Мо корро бо ворид кардани тақрибан сад гови ширдеҳи зоти ҳолштейнии Полша оғоз кардем. Таҷриба бомуваффақият анҷом ёфт ва мо подаи худро ба 300 сар расондем. Ҳоло ҳар як гов ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 25–30 литр шир медиҳад, ки онро тибқи шартнома ба корхонаҳои истеҳсоли шир мефурӯшем. Барои дар зимистон хуб парвариш намудани онҳо, мо солона беш аз 1000 тонна силосҳои гуногун, юнучқа ва зироатҳои решадор, аз қабили лаблабу ҷамъоварӣ мекунем. Инчунин, солона 240 тонна гӯшти мурғ истеҳсол мекунем. Барои фарбеҳ кардани паранда, мо як корхонаи махсуси истеҳсоли хӯроки чорво сохтем. Ферма дорои тамоми таҷҳизоти зарурии техникӣ барои киштукор, ҷамъоварӣ, интиқол ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Аз ҷумла, тақрибан 40 адад таҷҳизот: мошинҳои боркаш, аз ҷумла фураҳо, тракторҳои гуногун ва таҷҳизоти кишоварзии насбшуда ҳаст. Қариб дар тамоми заминҳои ферма обёрии қатрагӣ роҳандозӣ карда шудааст.
Фермаи «Аъзам, Азамат Агро» дар вилояти Самарқанд яке аз хоҷагиҳои пешсаф буда, аксар вақт ҳамчун макони баргузории семинарҳои гуногуни кишоварзӣ ва мубодилаи таҷриба хизмат мекунад. Ба наздикӣ, дар ин ҷо семинар оид ба истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони баландихтисоси соҳа аз вилояти мо ва дигар минтақаҳо иштирок намуданд.
Нақшаҳои хоҷагӣ сохтмони як корхонаи хурд барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ ва меваю сабзавот, ташкили боз як гектар токзори ангури «Аватар», ки дар байни сокинони кишварамон ва хориҷа талаботаш зиёд аст ва воридоти 100 сар гови ширдеҳи зоти ҳолштейнӣ аз Германия дар ивази кредитро дар бар мегиранд.
Раҳматилло ШАРИФЗОДА
Хоҷагии пешқадам: ба туфайли анбори сабзавот
