Тибқи маълумоти Кумитаи миллии омор, дар соли 2025 ҳаҷми содироти Ӯзбекистон дар гардиши савдои хориҷӣ 33,8 миллиард доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24 фоиз бештар мебошад.
Дар ин давра, кишварҳое, ки дар содироти Ӯзбекистон саҳми бештар доранд (ТОП-10, бо доллари ИМА), инҳоянд: Россия — 4,3 млрд; Хитой — 2,5 млрд; Қазоқистон — 1,5 млрд; Афғонистон — 1,5 млрд; Туркия — 1,1 млрд; Франсия — 872,2 млн; Қирғизистон — 771,1 млн; Амороти Муттаҳидаи Араб — 720,7 млн; Тоҷикистон — 683,1 млн; Покистон — 325 млн.
