Ovozi.uz

Дар Самарқанд мумкин аст, ки ҳодисаи сел ва обхезӣ рух диҳад

Мувофиқи маълумоти пешниҳодкардаи Агентии Хизмати обуҳавошиносӣ, бинобар боришоти пешбинишуда дар рӯзҳои 16-17 феврали соли ҷорӣ, дар минтақаҳои кӯҳистонӣ ва теппаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияҳои Ургут, Самарқанд, Булунғур, Нуробод, Қӯшработ, Каттақӯрғон, Пайариқ, Ҷомбой, Иштихон мумкин аст, ки ҳодисаи сел ва обхезӣ рух диҳад. Аз ин рӯ, Садорати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Самарқанд аз сокинони минтақаҳои кӯҳистонӣ ва теппаҳо, истироҳаткунандагон дар мавзеъҳои истироҳатӣ ва ронандагоне, ки дар ин минтақаҳо сафар мекунанд, хоҳиш мекунад, ки чораҳои эҳтиётӣ андешанд.

Эҳтимоли ҷамъшавии оби борон дар саросари минтақа вуҷуд дорад, ки метавонад боиси обхезии минтақаҳо гардад.