Ovozi.uz

Ташаббусҳои Президент — дар амал

Барои оғози давраи нави пиллапарварӣ бояд анъана ва навоварӣ ба ҳам ояндСарвари давлат оид ба рушди соҳаи пиллапарварӣ ва таҳкими заминаи ғизоии он супоришҳои муҳим дод.

Нуқтаҳои асосӣ:

➖ То соли 2030 8 ҳазор гектар тутзори нав бунёд гардида, дар 41 ҳазор гектар ниҳолҳои тут ба шакли якқатор шинонида мешаванд.

➖ Айни ҳол 70 фоизи тухмӣ аз хориҷ ворид мешавад. Мақсад аз он дар 4-5 соли оянда расонидани саҳми тухмии маҳаллӣ то 75 фоиз аст.

➖ Ба аҳолӣ ба андозаи 35 фоизи арзиши 1 кг пилла субсидия дода мешавад.

➖ Ба оилаҳои парваришкунандаи пилла барои хариди таҷҳизот то 20 миллион сӯм қарз ҷудо мегардад.

➖ Фарғона ва Хоразм пойгоҳҳои тайёр намудани тухмии элита аз нав барқарор мешаванд.

Пиллапарварӣ на танҳо манфиати иқтисодӣ меорад, балки барои оилаҳои камдаромад низ ҷойи нави корӣ фароҳам месозад.