Ovozi.uz

Ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми кор дар хориҷа чунин имтиёзҳо дода мешавад

Ба онҳое, ки дар вазъияти душвори молиявӣ қарор доранд, кӯмаки якдафъаинаи молиявӣ ба андозаи аз 3 то 5 баробари музди меҳнати ҳадди ақал (аз 1 миллиону 136 ҳазор сӯм то 2 миллиону 60 ҳазор сӯм) дода мешавад;

Дар вазъияти душвор, чиптаи бозгашт ба Ӯзбекистон дода мешавад;

Дар сурати бемории вазнин ё садама, хароҷоти тиббӣ аз 1 ҳазор то 1,5 ҳазор доллар пардохт карда мешавад;

Ба онҳое, ки бе ҷои зист мондаанд, то 30 рӯз бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд;

Дар вазъияти душвор занон ва фарзандони онҳо ройгон ба хона баргардонида мешаванд;

Ба онҳое, ки мавриди зӯроварӣ қарор гирифтаанд ё ҳуқуқашон дар ҷои кор поймол шудааст, адвокат ҷудо карда мешавад ва барои хидмати ӯ то 3 ҳазор доллар пардохт карда мешавад.

Барои истифода аз имтиёзҳои дар боло зикршуда, шумо бояд бо рақами кӯтоҳи 1282 ё намояндагиҳои Агентии муҳоҷират дар хориҷа тамос гиред.