Баҳор фасли эҳё ва навсозист. Дар ин айём ҷомеа ба нақши зан — ҳамчун модар, тарбиятгар ва қувваи созандаи ҳаёт, боз бештар ҳурмат ба ҷо меорад. Зеро, оромии ҳар як хонадон, тарбияи насли солим ва пешрафти ҷомеа аз муҳаббати бонувон оғоз меёбад.
Мо дар арафаи 8‑уми март — Рӯзи байналхалқии занон ва духтарон бо ҷонишини ҳокими вилоят, роҳбари Садорати оила ва масъалаҳои занону духтарон Зебо Саидова суҳбат оростем. Суҳбати мо дар атрофи мавзӯъҳои чорабиниҳои амалӣ дар самти таҳкими оила, ҳифзи ҳуқуқи бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа сурат гирифт.
— Муҳтарама Зебо Саидова, ҳоло дар вилоят барои таҳкими оила ва ҳифзи ҳуқуқи бонувон чӣ тадбирҳо амалӣ мешаванд?
— Имрӯз таҳкими оила ва дастгирии занон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби Садорат ба занони ниёзманд кумаки ҳуқуқӣ ва моддӣ расонида мешавад. Ба занони дар вазъи душвори иҷтимоӣ қарордошта, барои баланд бардоштани фаъолияти иқтисодии онҳо шароит фароҳам оварда мешавад.
Тавассути барномаҳои махсус ба занон барои оғоз намудани фаъолияти соҳибкорӣ, омӯзиши касб ва пайдо кардани ҷойи кор кумак мерасонем. Аз ҷумла, дар соли 2025 ба 76 зане, ки дар вазъияти душвори иҷтимоӣ қарор доранд, хонаву ҷой, ба 3292 зан барои соҳибкорӣ кредитҳои имтиёзнок дода шуданд. Инчунин, 44 844 нафар занро бо кор таъмин карданд. Ғайр аз ин, занони фаъол бо мукофот ва нишонҳои сарисинагӣ қадрдонӣ гардиданд.
— Дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила чӣ чораҳо андешида шудаанд?
— Пешгирии зӯроварӣ дар оила таҳти назорати ҷиддӣ қарор дорад. Барои ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагон ордерҳои муҳофизатӣ дода шуда, фаъолияти марказҳои «Офият (реабилитатсия) ва мутобиқсозӣ» густариш меёбанд. Дар ноҳия, шаҳрҳо дар сатҳи маҳалла тавассути «Дафтарҳои занон» ва «Дафтарҳои ҷавонон» барои кор бо оилаҳои мушкилидошта чораҳо андешида мешаванд, ки барои ошкор ва пешгирии саривақтии низоъҳои оилавӣ равона шудаанд. Хусусан, дар маҳалла ва мактабҳо барои ҳифзи занон ва кӯдакон аз зӯроварӣ ва таблиғи чунин ҳимоя чораҳо дида мешаванд.
Инчунин, дар муассисаҳои таълимӣ ва маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба пешгирии зӯроварӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва ахлоқӣ ба таври мунтазам баргузор мегарданд.
— Кор бо «Дафтари занон» чӣ хел ба роҳ монда шудааст?
— Ҳоло дар вилоят 104 509 нафар зан ба «Дафтари занон» сабти ном шудаанд. Якҷоя бо ташкилотҳои масъул ба 104 364 (99,9 дарсад) нафари онҳо кӯмаки амалӣ расонида шуд. Аз ҷумла, шуғли 44 844 нафар занону духтарони бекор таъмин гардид. Ба 3 292 нафар бонувоне, ки нияти оғози фаъолияти тадбиркориро доштанд, барои гирифтани кредит кӯмаки амалӣ расонидем. Ғайр аз ин, ба 309 нафар занону духтароне, ки хонаву ҷой надоранд, пули компенсатсияи иҷора пардохта шуд.
— Масъалаи шуғли занон чӣ гуна ҳал мешавад?
— Соли ҷорӣ дар назар аст, ки 122 399 нафар бонувон бо кор таъмин карда шаванд ва дар амал 145 268 (119 дарсад) зан бо кор таъмин гардад. Аз ҷумла, аз ҷониби Бонки марказӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ шуғли 94 341 нафар, Шӯрои фермерон 39 462 нафар, Садорати сохтмон 3 949 нафар, Садорати инвеститсия, саноат ва савдо 7 534 нафар бо кор таъмин карда шуд. Инчунин, 32 923 нафар занону духтарон ба омӯзиши касбу ҳунар ва соҳибкорӣ равона шуданд. Илова бар ин, 24 337 нафар заноне, ки аз хориҷа баргаштанд, бо кор таъмин шуданд. Бонкҳои тиҷоратӣ ба 33 870 нафар зан 934 миллиард 118 миллион сӯм кредит ҷудо карданд ва дар 143 хонадон сехи хурди истеҳсолӣ ташкил гардид. Бояд гуфт, ки дар шаҳру ноҳияҳо фаъолияти марказҳои омӯзишӣ ба роҳ монда шудааст, бонувон дар он ҷо метавонанд ройгон касб омӯзанд ва фаъолияти соҳибкории худро оғоз намоянд.
— Барои занони соҳибкор чӣ хел имтиёзҳо пешбинӣ шудааст?
— Барои дастгирии занони соҳибкор низоми қарзҳои имтиёзнок амал мекунад. Ба заноне, ки мехоҳанд фаъолияти соҳибкориро оғоз намоянд, ба мӯҳлати то 7 сол кредитҳои имтиёзнок бо давраи имтиёзноки то 3 сол бо меъёри солонаи 17,5 дарсад ва қарзи ҳамроҳ бо меъёри 20,5 дарсад пешбинӣ шудаанд. Барои заноне, ки ҳамчун шахсони алоҳида (бе гарав) тиҷорат мекунанд, то 33 миллион сӯм ҷудо карда мешавад. Барои субъектҳои соҳибкорие, ки занон роҳбарӣ мекунанд, то 300 миллион сӯм (бо пешниҳоди намудҳои гарав, ки қонун муқаррар кардааст) пешбинӣ шудааст. Ин тадбирҳо барои болоравии мустақилияти иқтисодии занон мусоидат мекунанд.
— Ба назари Шумо, устувории оила аз чӣ вобаста аст?
— Пеш аз ҳама, аз эҳтироми мутақобила, масъулиятшиносӣ ва нигоҳдории арзишҳои миллӣ. Мутаассифона, дахолати шахсони сеюм баъзан боиси нофаҳмиҳо мегардад. Агар ҳар як узви оила масъулияти худро эҳсос намояд, оила пойдор хоҳад монд.
— Чӣ гуна метавон иштироки занонро дар идораи давлатӣ бештар намуд?
— Ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Президенти мӯҳтарамамон аст, ки солҳои охир сафи занҳое, ки дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият мебаранд, зиёд мешавад. Масалан, дар вилоят саҳми занон ба вазифаҳои роҳбарикунанда то 30,2 дарсад афзоиш ёфтааст. Ҳоло ҳамагӣ 4 401 нафар зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд. Дар мамлакатамон «Мактаби бонувони роҳбар» фаъолият мебарад, ки ба қарибӣ 19 нафар дар он таҷриба андӯхта, ҳоло дар ҳудудҳои вилоят фаъолият мебаранд.
Бояд гуфт, ки бо мақсади тағйир додани тасаввуроти манфии ҷомеа нисбати нақши занон дар роҳбарӣ, як қатор тадбирҳои тарғиботӣ гузаронида шуда, байни роҳбарони ботаҷриба ва бонувон анъанаи «устоду шогирд» ба роҳ монда шудааст.
Дар анҷоми суҳбат ҷонишини ҳоким таъкид намуд, ки дастгирии занон ва таҳкими оила кафолати пешрафти ҷомеа мебошад. Зеро, модари солим ва оилаи устувор — пояи давлату миллат аст.
Мусоҳиб Д.ОБЛОҚУЛОВА
