Дар Донишгоҳи байналмилалии туризм ва мероси фарҳангии «Роҳи Абрешим» Форуми сеюми ректорони Ӯзбекистон ва Венгрия баргузор шуда истодааст.
Форум ба мавзӯи «Маорифи олӣ дар давраи рақамӣ: зеҳни сунъӣ, моделҳои инноватсионӣ ва донишгоҳҳои рақобатпазири ҷаҳонӣ» бахшида шудааст. Дар он вазири таълими олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қўнғиротбой Шарипов, президенти Конфронси ректорони Венгрия Бела Меркели, инчунин роҳбарони муассисаҳои пешрафтаи таълимгоҳҳои олӣ ва намояндагони соҳаи ду кишвар иштирок доранд. Чорабиниро вазири таълими олӣ, илм ва инноватсия Қ.Шарипов ифтитоҳ намуд.
– Зиёда аз 50 муассисаи таълими олии Ӯзбекистон ва беш аз 30 донишгоҳу муассисаи илмӣ-таълимии Венгрия дар асоси тақрибан 100 шартномаи ҳамкорӣ ва меморандум ҳамкориҳои худро ба роҳ мондаанд, – гуфт вазир. – Дар панҷ соли охир ҳамкории муассисаҳои таълими олии Ӯзбекистон ва Венгрия ба марҳилаи тамоман нав баромад.
Дар ҳақиқат, дар доираи ҳамкории Ӯзбекистон ва Венгрия 17 лоиҳаи стартап дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, манбаъҳои алтернативии энергия, маҳсулоти озуқаворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва лоиҳаҳои экологӣ тасдиқ ва маблағгузорӣ шудаанд.
Дар ҷараёни форум интизор меравад, ки беш аз 20 шартномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расида, ба як қатор лоиҳаҳои бузург старт дода шавад.
Анҷуман ду рӯз давом меёбад.
