Президенти Россия Владимир Путин зимни суҳбати телефонӣ бо президенти ИМА Доналд Трамп якчанд пешниҳодҳоро барои ҳалли зудтари дипломатии низоъҳои атрофи Эрон пешниҳод кард.
Мувофиқи нашрияи DW, суҳбати телефонӣ 9-уми март бо ташаббуси Трамп ташкил карда шуда, тақрибан як соат давом кардааст. Ба гуфтаи сухангӯи Кремл Юрий Ушаков, суҳбат дар рӯҳияи корӣ, ошкоро ва созанда сурат гирифтааст.
Мавзӯъҳои асосии суҳбат вазъияти атрофи Эрон ва ҳалли низоъи Украина ва Россия будаанд. Путин барои ҳалли зудтари сиёсӣ ва дипломатии низоъ бо Эрон якчанд ғояҳоро пешниҳод кардааст.
Ғайр аз ин, Трамп таъкид намудааст, ки аз оташбаси зудтар дар Украина ва ба даст овардани созишномаи дарозмуддат манфиатдор мебошад.
Қайд карда мешавад, ки ҷонибҳо, инчунин дар бораи дигар ҷанбаҳои вазъияти байналмилалӣ мубодилаи афкор кардаанд ва омодагии худро барои идомаи тамосҳои мунтазам изҳор доштаанд. Кохи Сафед ҳанӯз дар бораи суҳбати телефонӣ шарҳи расмӣ надодааст.
