Президенти FIFA — Ҷанни Инфантино таъкид намуд, ки тими миллии футболи Эрон метавонад дар Ҷоми ҷаҳонии футбол 2026 иштирок кунад. Дар ин бора дар саҳифаи расмии ташкилот хабар дода шудааст.
— Имрӯз ман бо президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико — Доналд Трамп вохӯрӣ баргузор кардам. Мо масъалаҳои ташкилии Ҷоми ҷаҳонро баррасӣ намудем.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаи иштироки тими миллии Эрон дар Ҷоми ҷаҳон низ таъкид гардид. Президент Трамп гуфт, ки барои иштирок кардани тими Эрон дар ин мусобиқа ҳеч гуна монеа вуҷуд нахоҳад дошт. Футбол дунёро муттаҳид мекунад, — гуфтааст Инфантино.
Пештар дар баъзе расонаҳо хабарҳо паҳн шуда буданд, ки гӯё тими миллии Эрон дар Ҷоми ҷаҳон иштирок карда наметавонад.
