Ovozi.uz

Касе, ки фидокорона меҳнат мекунад

Яке аз маҳаллаҳои қадимтарини ноҳияи Самарқанд — маҳаллаи “Равонак” ба шумор меравад. Соли гузашта дар маҳалла бинои нави Ҷамоати шаҳрвандони маҳалла бунёд гардид. Бинои нав тамоми шароитҳои заруриро соҳиб буда, ҳар як узви корманди маҳалла дорои утоқи алоҳида мебошад. Утоқҳо бо мебелу таҷҳизоти муосир ва технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Албатта, ҳамаи ин барои баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ хидмат мекунад. Дар рушди гузару маҳалла ва деҳаҳо саҳми раисони онҳо кам нестанд. Шахсоне, ки дар таърихи зодгоҳи худ, нақши назаррас гузоштаанд, ҳамеша ба некӣ ёд карда мешаванд. Дар «Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият», ки бо ташаббуси Президентамон эълон гардид, пос доштани хотираи онҳо дар маҳаллаҳо кори хайре хоҳад шуд. Мо набояд ба таърихи маҳалла, заҳматҳои фаъолони он, ки барои ободӣ ва гулгулшукуфии зодгоҳи худ кашидаанд, бефарқ бошем.

Дар маҳаллаи Равонаки ноҳияи Самарқанд низ ба бахти сокинони он аз солҳои шастуми асри гузашта дар вазифаи раиси маҳалла ғамхору бомасъулиятоне фаъолият пеш бурда, аз худ номи нек гузоштаанд. Аввалин раиси деҳа (қаблан онҳоро «комитет» мегуфтанд) Ҳаким Шарифов буд, ки ташаккул додани Равонак ва аҳлу тифоқии сокинони маҳалларо таъмин кард.

Сардори бригадаи хоҷагии ҷамоати Исмоил Искандаров ба нафақа баромаду ӯро раиси маҳалла интихоб намуданд. Вай вазифаашро бо маҳорати баланди ташкилотчигӣ иҷро кард ва барои ташкили ботартиб, зебо ва камхарҷи тӯю маъракаҳо ҳиссаи арзанда гузошт.

Сокинони маҳалла сифатҳои неки корманди идораи корҳои дохилӣ Малик Маҷидовро ба ҳисоб гирифта, баъди ба нафақа баромадани ӯ ба зиммааш вазифаи раиси деҳаро гузоштанд. М.Маҷидов, ки қонуну қоидаҳои давлатиро хуб медонист, тартибу интизомро устувор намуда, тавонист ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шаҳрвандони мамлакатро ба мардум фаҳмонад ва одамон ба он одат карданд. Дар ин корҳо шогирдаш Абдуҳодӣ Ваҳҳобов ба ӯ аз наздик ёрӣ дод.

Вақте ки вазифаи пурмасъулияти раиси маҳалла ба дӯши шифокори маъруфи беморхонаи бемориҳои сироятии ноҳия Рауф Раҳмонов гузошта шуд, ӯ низ мисли раисони пешина масъулиятшиносона кор кард. Аз ҳама муҳим, дар сохтмони мактаби навбунёди рақами 54 саҳми арзанда гузошт.

Сипас, Аббос Ҳасанов, яке аз омӯзгорони соҳибтаҷрибаро раис интихоб намуданд. Хислати хизмат ба халқу Ватан дар хуни ӯ ҷӯш мезад. Чунки падараш Ҳасанмуродамак низ дар сохтмони клуб ва мактаби Равонак ҳиссаи арзанда гузошта буд. Ӯ низ ин анъанаҳои некро идома дод. Дар ҳурмат ва эҳтиром ба калонсолон намунаи ибрат шуд.

Остон Хайриев баъди чанд соли омӯзгорӣ директори мактаб таъин гардид. Дар вазифаи раиси шӯрои деҳа низ кор кард. Баъд Остон Хайриевро якдилона раиси маҳалла интихоб намуданд. Ӯ дар ин вазифа ҳалолу пок хизмат кард, чунки падари ӯ Хайриамак дар хизмати халқу маҳалла ҳамеша ҳозир буд.

Вақте ки роҳбарии маҳалла ба зиммаи омӯзгори пуртаҷриба Орифҷон Тӯраев гузошта шуд, вазифаҳои худро аз таҳти дил иҷро кард. Ӯ бо ҷавонон бештар машғул шуд. Дар мавсими обуна ба матбуоти даврӣ ҳиссаи арзанда гузошт. Аз ҳама муҳимаш, ҳамсари Рауфхон Толибов — Зӯҳрохон Тӯраева бо нияти нек маблағи ба сафари ҳаҷ ҷамъкардаашро барои мумфарш кардани кӯчаи дохили деҳа бахшид. Орифҷон Тӯраев онро рӯи об гардонд.

Бо ташаббуси сардори Садорати зидди сӯхтори вилояти Самарқанд Комилхон Амонуллоев дар деҳаи Равонак қисми зиддисӯхтор ташкил гардид. Комилхон ба нафақа баромаду мардум ӯро раиси деҳа интихоб карданд. Вай ин вазифаро бо муваффақият иҷро намуд. Дар ҳамкорӣ бо фаъолони деҳа Шокирбой Ҳасанов, Шодмон Мирзоев ва дигарон таъминоти деҳаро бо қувваи электр хеле беҳ кард. Ҳангоми раисии деҳқони асил — Абдуҳодӣ Ваҳҳобов корҳои ободонии маҳлла вустъати тоза ёфтанд. Акаи ӯ — Абдувоҳид пас аз хатми мактаби олии Душанбе, ки чандин сол омӯзишгоҳи касбиву техникӣ омӯзорӣ кард ва ҷонишини директори коллеҷи Равонак низ шуд, аз фаъолони маҳалла ба ҳисоб мерафт.

Абдуҳодӣ чанд сол дар маҳалла фаъолияти намунавӣ бурд.

Абдурафиқ Мирзозода то синни нафақа дар идораҳои давлатӣ фаъолият пеш бурд. Падараш Раҳим Мирзозода низ яке аз фаъолони деҳа буд ва бо устодаш Раҳматзода барои сокинони деҳа хизматҳои арзанда карданд.

Ба қарибӣ Абдурафиқ Мирзозода фаъолияти худро дар вазифаи раиси маҳаллаи Равонак оғоз кард. Мардум дар оянда аз вай умедҳои калон доранд. Чунки касе, ки ба халқу Ватани худ хизмати ҳалолу фидокорона мекунад, албатта сазовори ҳурмату эҳтиром мегардад.

Шодмон АМОНУЛЛОЕВ