Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 19-уми марти соли 2026 «Дар бораи сарфароз гардондани як гурӯҳ ҳамватанонамон ба муносибати Рӯзи кормандони сохтори маҳалла», як қатор ҳамватанони фидоӣ, ки дар системаи маҳалла фаъолият доранд, ба мукофотҳои давлатӣ сазовор гардиданд. Дар байни онҳо сокинони Самарқанд низ ҳастанд.
Имрӯз дар ҳокимияти вилояти Самарқанд маросими тантанавии тақдими мукофотҳо баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҳокими вилоят Адиз Бобоев таъкид намуд, ки институти маҳалла ба такягоҳи муҳими ҳамаи ислоҳот ва дигаргуниҳое, ки дар кишварамон амалӣ мешаванд, табдил меёбад. Ӯ инчунин дар бораи саҳми маҳалла дар таъмини сулҳу оромӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими муҳити меҳру муҳаббат ва ҳамдилӣ сухан гуфта, фаъолони соҳаеро, ки ба дастовардҳои баланд ноил шудаанд, табрик намуд.
Дар чорабинӣ мувофиқи Фармони Президенти кишварамон:
— Булоқова Дилфуза Хотамовна, раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Чорбоғ»-и ноҳияи Оқдарё бо ордени «Дӯстлик»,
— Хайитов Сайитназар Атакулович, соҳибкори тартиби якка, устои оҳангар аз ноҳияи Иштихон бо медали «Ҷасорат»,
— Турабова Лутфия Нормуминовна, роҳбари кӯдакистони оилавии рақами 4-уми ноҳияи Пахтачӣ бо медали «Соғлом турмуш» сарфароз гардонида шуданд.
Ғайр аз ин, ба 17 нафар фаъолони сохтор нишони сарисинагии «Ифтихори маҳалла» супурда шуд.
