Вазорати корҳои хориҷии Эрон дар муносибат ба баёноти президенти Америка эълон кард, ки “ҳеҷ гуфтугӯе миёни Теҳрон ва Вашингтон вуҷуд надорад”.
“Ташаббусҳое аз сӯйи кишварҳои минтақа барои барҳам додани ҷанг вуҷуд дорад ва посухи мо ба ҳамаи онҳо равшан аст: мо тарафе нестем, ки ин ҷангро оғоз кардааст ва ҳамаи ин дархостҳо бояд ба Вашингтон бозгардонидан дода шавад”, — гуфтааст Вазорати корҳои хориҷии Эрон.
Чанде пеш Доналд Трамп гуфт, ки “гуфтугӯҳои хубу созандае» бо Эрон «дар бораи ҳаллу фасли комил ва ниҳоӣ”-и ҷанг дар Ховари Миёна доштааст ва бар асоси ин музокираҳо ҳамла ба нерӯгоҳҳои Ҷумҳурии Исломиро ба 5 рӯз қафотар гузоштааст.
Баъди ин ҳарфҳои Трамп, нархи нафт ба таври назаррас поён рафт ва бозорҳои молӣ шоҳиди болоравии нархи саҳмияҳо шуданд.
