Ovozi.uz

Театр — оинаи ҳаёти инсон

27‑уми март — Рӯзи байналмилалии театр

Имрӯзҳо ба муносибати 27‑уми март — Рӯзи ҷаҳонии театр дар ҳамаи театрҳои давлатии Ӯзбекистон «Ҳафтаинаи намоишҳои театрӣ» ба таври ройгон гузаронида мешавад.
Аз ҷумла, дар Театри драмаи мусиқии вилояти Самарқанд низ аз 21‑ум то 27‑уми март дар доираи ҳафтаинаи намоишҳои театрӣ ва «Рӯзи дарҳои кушода» қариб 10 спектакл ба намоиш гузошта мешавад. То имрӯз спектаклҳои «Беҳбудӣ», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Ваксинаи ҳалолӣ», «Ҳамоҳангии эҳсосот», «Суруди қу», «Золушка», «Либоси нави шоҳ» ва якчанд барномаҳои консертӣ пешкаши тамошобинон гардиданд.
— Театро ибратхона мегӯянд, ки ҳақ асту рост, — гуфт иҷрокунандаи вазифаи директори Театри драмаи мусиқии вилоят Фазлиддин Худойбердиев. — Театр оинаи ҳаёти инсон аст. Ҳар як тамошобине, ки ба ин ҷо меояд, дар симои ҳунарпешаҳо худ ва дар воқеаву саргузаштҳои онҳо ҳаёту сарнавишти худро мебинад. Чӣ тавре, ки бузургон мегӯянд, ҳаёти ҳар як инсон худ театр аст ва ҳар як инсон ҳунарпешаи он аст. Аз ин рӯ, дар замоне, ки амвоҷи ғояҳои бегона барои заҳролуд кардани шуури ҷавонони мо аз ҳар тараф ҷорӣ мешаванд, мавҷудияти театрро, ки маскани ибрат аст, беш аз пеш муҳим ва зарур меҳисобам. Боиси хурсандист, ки қисми асосии тамошобинони ҳафтаинаро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ройгон ба намоиш гузоштани спектаклҳо барои ҷалби бештари ҷавонон ва ангехтани оташи муҳаббат ба театр дар дили онҳо мусоидат мекунад. Албатта, ин чора кофӣ нест. Пеш аз ҳама, падару модарон бояд вақт ҷудо намуда, фарзандашонро ба театр оранд, то фарзандон дар ҳамин рӯҳия ба воя расанд, на бо телефонбозию кӯчагардиҳои беҳуда. Дар оила ҳар чӣ, ки тарғиб карда шавад, эътибори фарзанд ҳам дар он хоҳад буд.
Чӣ тавре, ки Ф.Худойбердиев иброз дошт, ягон намоиши театрии ҳафтаина руҳияи сабук надорад ва ҳамаи онҳо дар асоси асарҳои бузург бо иштироки коргардон ва ҳунарпешаҳои касбӣ офарида шудаанд.
— Ман дар спектакли «Либоси нави шоҳ», ки дар асоси асари Ҳанс Кристиан Андерсен ва коргардонии Алиҷон Ҳасанов ба саҳна гузошта шуд, нақши шоҳро иҷро кардам, — гуфт ҳунарпешаи Театри драмаи мусиқии вилоят Ҷӯрабек Ёрқулов. — Ростӣ, истиқболи тамошобинон аз спектакли мо дар ҳадде, ки интизор доштем, хеле фаротар буд. Анбӯҳи тамошобинони беадад ва ифодаи мамнунияту ризоият дар чеҳраи онҳо моро низ шод кард ва ба мо ангезаи бузург бахшид. Чорабиниҳои имсола, ки ба муносибати Рӯзи байналмилалии театр гузаронида мешаванд, аз солҳои қаблӣ тафовут доранд ва бо кайфияти баланду хотирмонтар баргузор мегарданд.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ