Рӯзҳои 30–31-уми марти соли равон дар Самарқанд чорабинии муҳими байналмилалии сиёсӣ — Форуми ҳамкории байнипарламентии «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо 2026» баргузор шуд.
Ин ташаббус, ки 4-уми апрели соли 2025 дар саммити «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев пешниҳод гардида буд, дар муддати кӯтоҳ натиҷаи амалӣ дода, имрӯз Самарқандро ба маркази муколамаи байналмилалӣ табдил додааст.
Дар чорабинии бонуфузи мазкур намояндагони парламентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ — Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон, аъзои Парламенти Аврупо, инчунин коршиносон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доранд.
Дар маросими ифтитоҳи форум ҷонишини раиси Сенати Олий Маҷлис Содиқ Сафоев ва ҳокими вилояти Самарқанд, узви Сенат Адиз Бобоев ба нақш ва аҳамияти ин форум дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Чуноне, ки таъкид гардид, форум барои боло баровардани муколамаи байнипарламентӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ба сатҳи нав, табодули таҷрибаи қонунгузорӣ, инчунин густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои рушди устувор, иқтисод ва амнияти минтақавӣ мусоидат мекунад.
Ин анҷуман на танҳо майдони муколамаи сиёсӣ, балки як платформаи муҳим барои амиқтар намудани ҳамкориҳои амалӣ, ташаккули ташаббусҳо ва лоиҳаҳои нав ба ҳисоб меравад.
