Ovozi.uz

Шавқи китобхонӣ аз овони кӯдакӣ бедор мегардад

Бо назардошти аҳамияти бузурги китоб дар тарбияи насли наврас ва кӯдакон аз соли 1967 сар карда, Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон гузаронида мешавад. Иди китоб бо ташаббус ва қарори Шӯрои байналхалқии китобҳои бачагона ҳар сол 2‑юми апрел таҷлил мегардад. Ин рӯз ба ифтихори зодрӯзи Ҳанс Кристиан Андерсен, нависандаи машҳури афсонанависи Дания интихоб шудааст. Дар рӯзи ҷашни байналмиллали китоб барои кӯдакон маросиму чорабиниҳои зиёди бошукӯҳ ба муносибати бузургдошти мақоми китоби бачагона ва адабиёти кӯдакону наврасон дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон  гузаронида мешавад. Мақсади асосии ин ҷашн бедор кардани шавқу рағбати кӯдакон ба китобхонӣ ва тарғиби адабиёти бачагона мебошад.

Дар кишвари мо низ 2-юми апрел намоиши китобҳо, вохӯриҳо бо нависандагон, озмунҳои қироат ва барномаҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд. Китобхонаҳо ва мактабҳо кӯшиш мекунанд, ки кӯдаконро бештар ба мутолиа ҷалб намоянд. Рӯзи китоби бачагона хотиррасон мекунад, ки парвариши муҳаббат ба китоб аз синни хурдсолӣ хеле муҳим аст. Кӯдакони китобхон фардо шахси доно ва маърифатпарвар мегардад.

Офаридани асарҳои бачагона кори саҳлу осон нест. Онҳое, ки барои кӯдакон менависанд, истеъдод, афкору андешаи баланд бояд дошта бошанд. Адабиёти бачагона дар тарбияи маънавию ахлоқӣ ва зебоипарастӣ, рушди тафаккури бадеию илмӣ ва парвози хаёлоти бачагон мақоми барҷаста дорад. Адабиёти бачагонаи мамлакати мо хеле бой аст ва бисёр шоиру нависандагон, аз ҷумла Ғафур Ғулом, Худойбердӣ Тӯхтабоев, Пӯлод Мӯъмин, Қуддус Муҳаммадӣ, Анвар Обидҷон ва дигарон барои кӯдакон асарҳои ҷолиб эҷод кардаанд. Ин нависандагон тавассути афсонаҳо, шеър­ҳо ва ҳикояҳои худ дар дили кӯдакон муҳаббат ба илм, некӣ, ростқавлӣ ва ватанпарвариро ҷо мекунанд. Дар Ӯзбекистон мактабҳо ва нашрияҳои тоҷикӣ, ки мавҷуданд, бисёр асарҳо барои кӯдакон ҳам нашр мешаванд. Ҳарчанд адабиёти кӯдакон ба дараҷаи бояду шояд набошад ҳам, баъзе эҷодкорон дар ин соҳа заҳмат мекашанд ва ба рушди он саҳм мегузоранд.

Яке аз ин гуна эҷодкорон Асад Гулзодаи Бухороӣ буд. Ӯ барои кӯдакон шеърҳои шавқовари бисёр эҷод карда, ҳатто китобҳои худро ба нашр расонид. Услуби ин шоир содаву равон буда, шеърҳояш мусиқӣ доранд ва хонданаш осон аст. Онҳо кӯдаконро ба донишомӯзӣ ва рафтори хуб ташвиқ мекунанд.

Паймон ҳам завқи кӯдаконро ба назар гирифта, китоби «Даҳ пурсишу даҳ посух»-ро дастраси хонандагони хурдсол намуд. Ҳусейн Рашидӣ низ муаллифи шеърҳои зиёди бачагона буд.

Ҳоло Маҳбуба Неъматзода асосан барои кӯдакону наврасон эҷод мекунад. Шеъру ҳикоя ва афсонаҳои вай пайваста дар матбуот чоп мешаванд ва китобҳои зиёди худро пешкаши китобхонони хурдсол гардондааст. Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои «Духтари заргар», «Меҳрубон», «Гиря кунам ё ки на?», «Модари ҷон, модарам», «Таваллудат муборак», «Бонуи бобо», «Боғи шамол», «Тӯтии сухандон», «Одоб ҳусни инсон аст», «Шакардара» ва ғайра буда, дар онҳо шеъру ҳикоя, афсона ва чис­тону тезгӯякҳо ҷой гирифтаанд.

Шеърҳои Шукрулло Вализода ҳам бачагона буда, аҳамияти калони тарбиявӣ доранд.

Се сол пеш Маҳбуба Турсунова маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи худро таҳти унвони «Офтобаки ман» чоп кард, ки боиси хурсандист.

Омӯзгори собиқадор Нарзипӯлод Саидова рисолати педагогии худро идома дода, китобҳои худ — «Аз мӯрчагон ибрат гиред» ва «Дуои замин»-ро пешкаши хонандагони хурдсол кардааст.

Нависандаи ҳаҷвнигор Бахтиёри Ҷумъа ҳам пайваста дар ин соҳа ранҷ мекашад. Вай як силсила китобҳои худ, аз ҷумла «Маликаи доно». «Қалами сурх», «Асали бобо», «Бойчечак», «Мағзи донак», «Санг ба гӯшат чӣ гуфт?» ва ғайра офаридааст. Ин китобҳо ба кӯдакон на танҳо хурсандӣ мебахшанд, балки онҳоро ба роҳи дуруст ҳидоят мекунанд. 

Тарбияи насли наврас, ки соҳаи муҳим аст, умед мекунем, ки дигар эҷодкорон ҳам кӯдаконро фаромӯш намекунанд. Зеро адабиёти бачагона қисми муҳими фарҳанг ба ҳисоб меравад ва дар тарбияи насли нав нақши калон дорад.

Маликаи БАХТИЁР,
узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон