Мардум аз чӣ бошад, ки зоҳирдӯсту бегонапараст шудаанд. Ин на танҳо дар либоспӯшиву хонадорӣ, ҳатто ба тарзи гулкорӣ ҳам сироят кардааст. Дар рӯи ҳавлӣ ва боғчаҳои худ як гулҳои нави сунъимонанде мешинонанду парвариш мекунанд, ки на шаклу тароват доранд ва на ранги хуше. Як қисм гулҳо ҳатто бебӯянд. Аз ҳамин сабаб, дар сари қабри гузаштагон низ гулҳои сунъӣ бештар ба назар мерасанд.
Замонҳои пеш, ҳатто 30–40 сол муқаддам гулхонаву рӯи ҳавлиҳои моро гулҳои ошиқипечон, ҳиногул, тоҷи хурӯс, намозшомкушо, гулҳои ҳамешабаҳору қашқарӣ, қамчингул, садбарг, косагул ва ғайра оро медоданд. Дар байни онҳо райҳон мавқеи асосӣ дошт. Ҳоло ба шинондану парвариши ҳамин гули ҷаннатӣ низ аҳли баъзе хонаводаҳо чандон шавқу ҳавас надоранд. Чаро? Барои ба ин савлол ҷавоб ёфтан, мо ба маърифатпарвару гулдӯсти машҳури Самарқанд Муқимҷон Орифӣ муроҷиат кардем.
— Сабабашро намедонам. Вале ман аз бачагӣ даруни боғу саҳро гашта, калон шудаам ва аз ҳамон солҳо медонам, ки қариб дар ҳар хонадон райҳон мекориданд. Медонед, бо тақозои тақдир ман 5 сол роҳбари як фабрикаи парандапарварии Каттақӯрғон шуда кор кардам. Кормандон дар фасли баҳор таклиф карданд, ки нозбӯ коранд. Ман ҳайрон шудам, ки нозбӯяш чист? Баъди дидан фаҳмам, онҳо райҳонро дар назар доштаанд. Мо дар Самарқанд шакли арабияшро кор фармоем, онҳо дар шакли тоҷикӣ-порсиашро истифода мебурдаанд… Дар ёд дорам, ки бобоям Ориф Гулхании Самарқандӣ гулҳои писандидаи зиёде доштанд. Аз ҷумла, райҳон. Онҳоро дар ҷӯякҳо мешинонданд. Райҳонҳояшон якчанд хел буд. Дар байни онҳо говрайҳон, чинирайҳон, садарайҳон буданд. Вақте ки онҳоро бо даст меҷунбонданд, ҳама ҷоро бӯи райҳон фаро мегирифт. Аз бӯяш роҳат карда, бо илҳом эҷод мекарданд.
Мардуми мо табиатан гулдӯстанд. Мардҳо ба ин чандон эътибор надиҳанд ҳам, занон гулшинониву гулпарвариро дӯст медоранд. Баъзеҳо ончунон ошиқи ин коранд, ки бе гул зиндагии худро тасаввур карда наметавонанд. Онҳо аз куҷоҳое тухм ё қаламчаҳои ниҳоли гулро оварда мешинонанд. Барои онҳо бештар гулҳои «навбаромад» писанд аст. Як гулҳое, ки дар шаклу намуд ва ранг дилкаш бошанд, ки ё бӯи хуше надоранд ва ё аз ягон ҷиҳат ба одам таъсири манфӣ мерасонанд.
Хушбахтона, дар байни онҳо бонувоне низ пайдо мешаванд, ки райҳон ба парастиши ҳақиқии онҳо табдил ёфтааст.
— Ман ҳар баҳор ҳатман райҳон мекорам, — мегӯяд сокини маҳаллаи Ангаралмоси ноҳияи Самарқанд Толиба Облоқулова. — Мегӯянд, ки райҳон ба хона баракат меорад. Барои ман райҳон танҳо гул, растанӣ ва ё гиёҳ нест, балки рамзи покӣ ва баракат аст. Вақте, ки дар боғчаи ҳавлиамон ниҳолҳои райҳонро мешинонам, гӯё он ҳавлиамонро бо бӯи зиндагӣ пур мекунад.
Бояд гуфт, ки райҳон рустании як ё бисёрсола аз оилаи наъноиҳо ба ҳисоб меравад. Баргаш хушбӯй буда, на танҳо растании ороишӣ, балки дар бисёр соҳаҳо истифода бурда мешавад. Онро дар ҳар ҷо ҳар хел, аз ҷумла реҳон, испарғам, исфарак, ниёзбӯй, нозбӯ ва ғайра ном мебаранд.
Мардуми мо навъҳои гуногуни ин гиёҳи яксолаи хӯшбӯй (наъноӣ, санавбарӣ, саътарӣ, сулаймонӣ, тархунӣ, фаранҷамушк, шоҳиспарам ва ғайра)-ро чун гиёҳи ороишӣ, хӯшбӯй, сабзавот ва доруӣ аз қадим кишт мекарданд. Пештар навъҳои садарайҳон, сиёҳрайҳон, гаврайҳон, райҳони гӯшимушӣ (баргаш ба гӯши муш монанд) маъмул буданд.
Баргу пояи тару тоза ва хушки райҳонро ба таомҳои миллӣ меандозанд. Пеш онро ҳатто барои хушбӯй кардани нӯшокиҳо ба кор мебурданд. Дар нӯшокиҳои ташнагишикан имрӯзҳо ҳам истифода мебаранд.
Райҳонро асосан барои хӯшбӯй ва беҳтар кардани таъми консерваи сабзавот, моҳӣ, ҳар гуна ҳасиб, хӯриш ва ғайра ба кор мебаранд.
Нозбӯ аз давраҳои қадим чун гиёҳи доруӣ низ машҳур аст. Абуалӣ ибни Сино баргу пояи райҳон ва шарбати онро барои рафъи хафақон, ниқрис, заъфи узвҳои нафас, иллати пешобдон, реши равон ва ғайра тавсия мекард; аз райҳон дар гулоб ва сирко марҳаме тайёр намуда, ба омос мебаст. Ба гуфти ӯ, ин растани позаҳрест, ки заҳри каждум ва мавҷудоти зиндаи дигарро рафъ мекунад.
Райҳонро бӯидан барои асабҳо муфид аст.
Дар тибби халқӣ ҳангоми табларза, заъфи пешобдон, гурда, меъда ва ғайра истеъмол кардани онро судманд медонистанд.
Ҳоло баҳор аст. Кишту парвариши райҳон душворие надорад. Райҳон шинонида, аз он ҳатто тамоми сол ба таом андохта шавад, хӯрокиву хӯришҳо ҳам хушбӯ мешаванду ҳам худи мо як табъи болидаеро эҳсос мекунем.
Б.ҶУМЪАЕВ
