Ovozi.uz

Дирӯз ва имрӯзи маҳаллаи Ангаролмос

Ангаролмос яке аз маҳаллаҳои калон ва дорои таърихи ғании ноҳияи Самарқанд ба ҳисоб меравад. Ин макон на танҳо бо зиндагии ободу фаъоли имрӯза, балки бо гузашти худ, ки ба чанд ҳазор сол мерасад, таваҷҷуҳи муҳаққиқ ва дӯстдорони таърихро ҷалб менамояд.

Назаре ба таърих ва мавқеи ҷуғрофӣ

Мардум номи деҳаи Ангаролмосро гуногун талаффуз мекунанд. Баъзеҳо онро «Ангоралмос», гурӯҳе «Ангаралмос» мегӯянд.

Дар маъхазҳои таърихӣ дар бораи маҳалла маълумоти зиёд оварда шудаанд.

Як далели муҳими таърихӣ тадқиқоти археолог Г. В. Григорев мебошад. Ӯ солҳои 1936–1938 дар деҳаи Талибарзу, ки дар шафати Ангаролмос ҷойгир аст, корҳои илмӣ анҷом дода, бозёфтҳои нодири таърихиро ба даст овардааст. Қисме аз ин бозёфтҳо ба Эрмитажи Санкт-­Петербург фиристода шудаанд. Ба андешаи олим, таърихи ин макон камаш ба ду ҳазор сол мерасад. Ин бозёфтҳо бори дигар амиқ месозанд, ки Ангаролмос низ таърихи хеле куҳан дорад. Инчунин, мавҷудияти мазору қабристонҳои қадима — Мазори қадим, Талибарзу, Пистамазор, Хоҷа Абдуи Берун далели равшани он аст.

Ангаролмос бо деҳаҳои Талибарзу, Андиҷонӣ, Оқмасҷид ва Деҳнав ҳамсарҳад мебошад. Байни сокинони ин деҳаҳо муносибатҳои хуби ҳамсоягӣ мавҷуд аст — онҳо дар тӯю маърака ва рӯзҳои сахт якдигарро дастгирӣ мекунанд.

Аз роҳи Ангаролмос саркардаи бузург Амир Темур борҳо ба самти Китоб ва Шаҳрисабз сафар кардааст. Ин роҳ, инчунин барои тиҷорат низ истифода мешавад — тоҷирон тавассути он ба Тирмиз ва баъдан ба кишварҳои дигар мол мебурданд.

Ривоятҳо ва маънии ном

Дар хусуси пайдоиши номи деҳа андешаҳо гуногунанд. Аксарият бар он назаранд, ки «Ангаролмос» аз ду калима — «ангор» ва «олмос» иборат аст. Маънии «ангор» замини кишт, ғаллазор ё майдони васеъ, «олмос» бошад, рамзи арзиш, сахтӣ ва нур мебошад. Бархе ҳатто аз сураи «Нур»-и Қуръон мисол оварда, чунин мешуморанд, ки ин сарзамин макони баракот ва неъмат аст.

Гурӯҳи дигар мегӯянд, ки «ангор» ба маънии чуқурӣ ё замини кишт аст ва «олмос» бо воқеае вобаста мебошад — гӯё дар ин ҷо ҷӯйе пайдо шудааст. Яъне, номи деҳаро ба «анҳор» (ҷӯй) низ нисбат медиҳанд.

Дар «Ғиёс-ул-луғот» калимаи «ангор» ҳамчун амр аз «ангоштан» ба маънии «бифаҳм ва бидон», дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» бошад, «олмос» ҳамчун санги гаронбаҳои сахту шаффоф маънидод шудааст.

Ҳамин тавр, пайдоиши номи «Ангаролмос» мавзӯи васеъ ва доманадор буда, то ба имрӯз баҳсталаб боқӣ мемонад.

Сокинони Ангаролмосро баъзан «Галабачаҳо» низ меноманд. Ин ном низ таърихи ҷолиб дорад.

Ривоят мекунанд, ки баъди вафоти Хоҷа Аҳрори Валӣ як гурӯҳ ҷавонони ин деҳа аз ноҳияи Ургут тобути он шахсияти бузургро бардошта овардаанд. Аз ҳамон вақт, ба сокинони Ангаролмос иҷозат шудааст, ки пас аз фавтидани онҳо дар мазори Хоҷа Аҳрор ба хок супоранд.

Ин воқеа боиси пайдо шудани номи «Галабачаҳо» гардидааст.

Маҳаллатиҳо — мардумони зарофатгӯй

Сокинони ин деҳа бо номи «маҳаллатӣ» низ шинохта шудаанд. Онҳо аз қадим бо зарофатгӯӣ, хушгуфторӣ ва шӯхиҳои худ маъруф мебошанд.

Дар байни мардум дар бораи онҳо латифаҳои зиёде паҳн гардида, аз насл ба насл гузаштаанд. Баъзе аз ин латифаҳо ҳатто дар китобҳои эҷодиёти даҳонакии халқи Самарқанд ҷой гирифтаанд.

Фарзанди ин маҳалла Баҳодур Ҷабборов ин мероси шифоҳиро ҷамъоварӣ намуда, онро дар шакли китоб бо номи «Ман маҳаллатӣ» ба табъ расонидааст. Ин далел нишон медиҳад, ки фарҳанги сухан ва зарофат дар ин маҳал ҷойгоҳи хос дорад.

Имрӯзи маҳалла

Имрӯз дар маҳалла 2345 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Аз онҳо 587 нафар ҷавонон ва 1169 нафар занон мебошанд. Дар 482 хонадон 605 оила мавҷуд аст. Масоҳати умумии маҳалла 60,8 гектар буда, он 11 кӯча ва дорои якчанд гузар мебошад.

Иқтисоди маҳалла асосан ба кишоварзӣ такя мекунад. Дар ин ҷо хоҷагиҳои фермерӣ ва деҳқонӣ фаъолият дошта, боғдорӣ ва кишоварзӣ рушд ёфтааст.

Бояд гуфт, ки то солҳои охир маҳаллатиён на танҳо самарқандиёнро, балки сокинони вилоятҳои Ҷиззах, Тошканд, Сирдарё, Қашқадарё, Сурхандарё, Навоӣ ва Бухороро бо маҳсулотҳои зироативу кишоварзӣ таъмин мекарданд. Илова бар ин, имрӯз дар маҳалла 10 соҳибкори инфиродӣ, 10 ташкилоти тиҷоратӣ фаъолият дошта, зиёда аз 400 нафар худ худро бо кор таъмин намудаанд. Дӯконҳо, нуқтаҳои хизматрасонӣ, сартарошхона ва дигар муассисаҳо ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Таълим ва фарҳанг

Дар маҳалла мактаби таҳсилоти умумии рақами 37 фаъолият дорад. Ҳамчунин, ду кӯдакистони хусусӣ — «Файз» ва «Моҳинур» барои тарбияи кӯдакон хизмат мерасонанд.

Китобхонаи маҳалла бо зиёда аз 550 китоб барои ҷавонон макони муҳими маърифат мебошад.

Дар маҳалла, инчунин «Дафтари ҷавонон» ва «Дафтари занҳо» амал мекунанд. Мувофиқи маълумот, имсол дар «Дафтари ҷавонон» ягон нафар сабти ном нашудааст. Аммо дар «Дафтари занҳо» 69 нафар ба қайд гирифта шуда, ба онҳо кумакҳои гуногун расонида мешавад. Аз ҷумла, ба 15 нафар ёрии ҳуқуқӣ, ба 20 нафар кумаки тиббӣ, шуғли 34 нафар таъмин шуда, инчунин ба 6 нафар маҳсулоти хӯрокворӣ ва ба 2 нафар кумаки молиявӣ пешниҳод карда шуд.

Фарзандони барӯманди маҳалла

Ангаролмос бо фарзандони маъруфи худ ифтихор мекунад. Субҳон Исломов, Абдуқодир Хуррамов, Мустафо Субҳанов, Абдузариф Салимов, Баҳодир Ҷабборов, Теша Ҷалолов, Яздон Субҳонов, Мардон Бақоев, Аҳмадҷон Саъдиев, Ҳазратқул Баҳронов, Умеда Сайфуллоева ва дигарон барои ободии маҳалла ва маърифати мардум саҳм гузоштаанд.

Ҳамчунин, аз ин деҳа даҳҳо нафар дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ иштирок намудаанд. Аз ҷумла, номҳои Зайниев Тоҷӣ, Кулиев Эргаш, Кулиев Сувон, Ҳайдаров Тӯйчӣ, Ҳайдаров Насим, Нарзиқулов Аҳрор, Ризоқулов Очил, Исомов Рустам, Муйинов Тоҷиқул, Мирзоқандов Бердӣ, Ҳамидов Воҳид, Тӯрақулов Амрӣ, Ӯзбеков Ҳалим, Мирзоқандов Паттӣ, Аҳмадов Абдулло, Муйинов Эгам, Набиев Пирим, Муллоҷонов Аъзам, Ахмедов Иброҳим, Мирзиёев Мирбобо, Турақулов Баҳрӣ овардан мумкин аст, ки барои ҳифзи Ватан хизмат кардаанд.

Солҳои охир дар маҳалла як қатор корҳои муҳим амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, бо маблағҳое, ки аз «Опен буҷет» ба даст омадааст, айни ҳол сохтмони бинои нави маҳалла идома дорад. Ҳамзамон, барои беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ трансформатори нав ва манораи об (башня) ба истифода дода шудаанд.

Хулоса, сокинони Ангаролмос имрӯз на танҳо дар маҳалла, балки дар ҷомеа фаъол мебошанд. Онҳо дар ин ҷо таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ ва зиндагии муосирро ба ҳам омехтаанд.

Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА