Ovozi.uz

Чӣ гуна бояд худро аз сирояти бемории сил ҳимоя намоем?

Мувофиқи маълумоти Созмони умумҷаҳонии тандурустӣ, имрӯз дар тамоми ҷаҳон афзоиши беморони сил ба назар мерасад. Дар кишвари мо низ шумораи шахсони гирифтори ин беморӣ зиёд шудааст.

Азбаски Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба рушди соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва самаранокии он аҳамияти махсус медиҳанд, моҳи январи соли 2023 Қарор «Дар бораи чораҳои дар солҳои 2023–2026 боз ҳам ривоҷ додани хизмати фтизиатрия ва пулмонология» қабул гардид, ки пешгирӣ ва муолиҷаи бемории силро дар маркази эътибор қарор медиҳад.

Дар вилояти Самарқанд маркази ягонаи фтизиатрия ва пулмонология фаъолият дорад. Муассиса дорои 590 кати табобатӣ, 16 шӯъбаи мубориза бар зидди сил ва сиҳатгоҳи бачагона барои 240 нафар мебошад. Ин шифохона дар шафати деҳаи хушҳавои Миронқул, дар канори шоҳроҳи Самарқанд–Қаршӣ, дар масоҳати зиёда аз 10 гектар бунёд шудааст.

Қаблан ин макон ба омӯзишгоҳи кишоварзӣ тааллуқ дошт, аммо баъдан бо қарори ҳокимияти вилоят шифохона аз шаҳри Самарқанд ба ин ҷо кӯчонида шуд. Дар ободу зебо гардидани ин муассиса саҳми собиқ сардухтур Толиб Турсунов (рӯҳаш шод бод!) хеле калон аст. Бо ташаббуси ӯ биноҳои иловагӣ, боғҳо ва гулгаштҳои истироҳатӣ сохта шуданд.

Субҳи барвақти баҳорӣ, ҳанӯз офтоб пурра тулӯъ накарда буд, ки ба марказ расидем. Насими форам, бӯи гулу сабза, ҳавои тоза ва манзараҳои дилфиреб рӯҳу табъро болида месохт. Дарахтони маҷнунбед гӯё мисли арӯсон кокулҳои дарози худро ба ҳар сӯ фишонда, дар насими мулоим ҷунбиш мекарданд.

Дар чунин муҳити ором мо ба қабулгоҳи роҳбари марказ, шифокори тоифаи олӣ Шералӣ Шерқулов ворид шудем. Дар ҷараёни суҳбат маълум гардид, ки ӯ аз соли 2017 дар кишварҳои Россия, Германия ва Хитой таҷрибаомӯзӣ кардааст.

— Бо сиёсати оқилонаи Сарвари давлатамон сифати хизматрасонии тиббӣ беҳтар мешавад, — гуфт ӯ. — Танҳо соли гузашта дар вилоят зиёда аз 48 ҳазор нафар аз ташхиси диаскинтестӣ ва 238 ҳазор нафар аз флюрография гузаштанд. Ҳамаи беморон барои табобати ройгон ба марказ роҳхат гирифтанд. Имрӯз дар муассиса ташхиси беморӣ бо истифода аз технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ амалӣ мегардад ва маълумоти беморон ба низоми электронии тандурустӣ ворид мешавад. Бояд гуфт, ки ба корҳои пешгирии беморӣ ва тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ аҳамияти махсус медиҳем. Тамоми сол чорабиниҳои оммавии ройгон оид ба ташхис, флюрография, яъне рентген ташкил мегардад. Ногуфта намонад, ки аз ҳисоби маблағҳои грант (862 миллиарду 900 миллион сӯм) таҷҳизоти замонавии тиббӣ гирифтем. Он барои муайян кардани бемории сил зарур аст.

Сипас, бо ҳамроҳии роҳбалад Абдуқаҳҳор Рашидов аз ҳудуди марказ дидан кардем. Ӯ гуфт, ки дар тӯли 20 соли фаъолияташон зиёда аз 10 ҳазор дарахти гуногун шинондаанд.

Дар марказ ҳатто «гӯшаи зинда» низ ташкил шудааст, ки дар он товус, кабӯтар ва дигар парандаҳо нигоҳ дошта мешаванд. Ба гуфтаи роҳбалад, муҳити табиӣ худ як навъ табобат мебошад.

— Сил бемории сирояткунанда буда, аз микробактерияҳо ба вуҷуд меояд, — гуфт мудири шуъбаи ташхис Роҳбара Турсунова. — Соли 1882 олими намоёни Германия Р.Кох барангезандаи бемории силро кашф кард. Бояд гуфт, ки манбаи асосии сил шахси бемор аст. Норасоии сафедаҳои ҳайвонӣ ва махсусан витамини «С», шароити кори номусоид, яъне ҳавояш чанг, дуд, тамокукашӣ, майпарастӣ, диабети қанд ва ғайра барои инкишофи сил сабаб мешаванд. Сили устухон, буғумҳо ва сутунмӯҳра бештар аз хурдсолӣ оғоз ёфта, боиси коҳиш ёфтани қобилияти меҳнатӣ мегардад.

Дар шуъбаи ҷарроҳӣ бо табиби соҳибтаҷриба Имомқул Қодиров ҳамсуҳбат шудем, ки беш аз 50 сол аст дар ин соҳа фаъолият дорад.

— Барои муваффақ шудан дар касб танҳо диплом кофӣ нест. Завқу шавқ, меҳнатдӯстӣ ва муҳаббат ба касб муҳим аст, — гуфт ӯ. — Дуруст, баъзе шахсон роҳи зиндагиро бо амри дил интихоб мекунанд, вале аз душворӣ ҳаросида раҳгум мезананд. Ба маълумоти шумо расонам, ки фаъолияти меҳнатиро аз фелдшерӣ оғоз карда, ҳоло мудири шуъба ҳастам. Навбатдорӣ, бедорхобӣ, шабзиндадорӣ беҳисоб мебошад.

Дар идомаи сафар ба мактаби тобеи марказ рафтем. Ҷонишини директор Холмурод Сафаров иттилоъ дод, ки дар ин ҷо зиёда аз 60 нафар хонанда таҳсил мекунанд. Ба онҳо 14 омӯзгор дарс медиҳанд. Ин мактаб ба кӯдаконе, ки муддати дароз табобат мегиранд, имконияти аз таҳсил дур намонданро медиҳад.

Хулоса, дар маркази фтизиатрия ва пулмонологияи вилояти Самарқанд шароити хуби муосир барои ташхис, табобат ва барқарорсозии беморон фароҳам оварда шудааст. Дар қатори шифокорони соҳибтаҷриба ҳамшираҳои шафқат Додарой Тӯрақулова, Хосият Холиқова, Наргиза Иброҳимоваро низ метавон номбар кард, ки атрофи беморон парвонаанду барои зудтар сиҳат ёфтани онҳо камар бастаанд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА