Ovozi.uz

Дар паи ҳамлаи Россия ба Украина 15 нафар ҷароҳат бардоштанд

Мувофиқи хабари расонаҳо, шаҳрҳои Днепр, Херсон ва Харкови Украина дучори ҳамла шуданд.

Дирӯз, 24-уми апрел армияи Россия ба шаҳрҳои Украина ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дод, хабар медиҳад BILD.

Гузориш дода мешавад, ки дар натиҷаи ҳамла ба биноҳои истиқоматии шаҳри Днепр, ҳадди аққал 14 нафар, аз ҷумла як кӯдаки нӯҳсола, ҷароҳат бардоштаанд.

Дар натиҷаи ҳамлаҳо ба шаҳри Херсон бошад, ду нафар, аз ҷумла як зани 60-сола ва як марди 57-сола бо ҷароҳатҳои дараҷаҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи мақомоти шаҳри Харков, як марди 54-сола ва як кӯдаки хурдсол дар ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин ҷароҳат гирифтаанд.