Ovozi.uz

Хусусияти лӯбиё

Лӯбиё дорои сафедаи растанӣ мебошад, ки барои: мушакҳо, барқароршавии бофтаҳо муҳим аст. Барои гиёҳхӯрон ивазкунандаи хуби гӯшт мебошад.

Лӯбиё дорои нах аст, ки кори рӯдаро танзим карда, қабзиятро пешгирӣ мекунад. Истеъмоли мунтазами лӯбиё метавонад сатҳи холестерини «бад»-ро кам кунад. Хавфи бемориҳои дилро паст намояд.

Лӯбиё дорои индекси гликемикии паст аст, бинобар ин қандро тадриҷан баланд мекунад. Он манбаи витамин ва минералҳо мебошад.

Дар таркиби лӯбиё: * оҳан – барои пешгирии камхунӣ; * калий – барои дил; * магний – барои асаб ва мушакҳо; * витаминҳои гурӯҳи В – барои энергия.Лӯбиё калорияи нисбатан паст дорад ва барои нигоҳ доштани вазни солим мусоидат мекунад. Аз ҳад зиёд хӯрдани лӯбиё метавонад дамиши шикам диҳад.