Ovozi.uz

Ҷамъомади БРО: беш 4 ҳазор мутахассис аз 100 давлат

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 3–4‑уми май барои иштирок дар Ҷамъомади 59‑солагии Шӯрои мудирони Бонки рушди Осиё дар вилояти мо қарор дошт.
Роҳбари давлатамон нахуст Маҷмааи Имом Бухориро зиёрат намуд. Дар мақбараи муҳаддиси бузург Қуръон тиловат ва дуоҳо карда шуд.
Президентамон бобати боз ҳам фаро овардани қулайиҳо ба зоироне, ки ба маҷмаа ташриф меоранд, васеъ намудани имкониятҳо барои адои ибодат ва шиносоӣ бо мероси ғании бобои ҳадисшиносамон дастурҳо дод.
Ҳамон рӯз Президентамон дар шаҳри Самарқанд ҳайатеро бо сарварии президенти Бонки рушди Осиё Масато Канда, инчунин роҳбарони якчанд давлат ва ташкилотҳои байналмилалиро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯриҳои мазкур ҳолати имрӯза ва истиқболҳои ҳамкории иқтисодӣ, сармоягузории Ӯзбекистон бо Бонки рушди Осиё ва дигар институтҳои байналмилалии молия, давлатҳои хориҷӣ ва ширкатҳои бонуфуз баррасӣ гардиданд.
Президент Шавкат Мирзиёев рӯзи 4‑уми май дар маросими кушодашавии Ҷамъомади Шӯрои мудирони Бонки рушди Осиё ширкат варзид.
Дар форуме, ки таҳти шиори «Чорроҳаҳои тараққиёт: пеш бурдани ояндаи бо ҳам вобастаи минтақа» баргузор гардид, аз зиёда аз 100 давлат беш аз 4 ҳазор мутахассис, инчунин намояндагони ҳукуматҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалии молия, бонкҳо ва ширкатҳои пешсаф иштирок намуданд.
Дар рӯзнома масъалаҳои рушди трансформатсияи рақамӣ ва «сабз», барқарории иқлим, занҷири таъминоти истеҳсолот, таъмини бехатарии озуқаворӣ ва ғайра ҷой гирифтанд.
Роҳбари давлатамон дар чорабинӣ суханронӣ карда, таъкид намуд, ки дар диёри мо баргузор шудани ин гуна чорабинии бонуфуз барои Ӯзбекистон ғурур ва ифтихор мебахшад.


Ҳокими вилоят Адиз Бобоев зимни мулоқот бо роҳбари идораи рушди бозорҳо ва шарикии давлатӣ-­хусусии Бонки рушди Осиё Такео Коике ва директори шуъбаи 1‑уми машваратӣ Муҳаммад Азим Ҳошимӣ, масъалаҳои тарҳрезӣ, сохтмон, реконструксия ва ба истифода додани тақрибан 100 муассисаи таълими томактабӣ дар Самарқанд дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ баррасӣ шуданд.
Ҳоло корҳои интихобӣ барои таъмири пурраи 43 кӯдакистони вилоят идома доранд. Ҳамчунин, ҳокимияти вилоят нақша дорад, ки тақрибан 80 қитъаи заминро барои сохтмонҳои нав пешниҳод кунад.
Марҳилаҳои амалисозии лоиҳа низ маълуманд, яъне ҷараёни тендери думарҳилаӣ дар семоҳаи дуюми соли 2026 оғоз мешавад. Дар соли 2027 бо сармоягузори ғолиб созишномаи шарикии давлатӣ ва хусусиро имзо мекунанд. Корҳои сохтмонӣ бояд то соли 2030 пурра ба анҷом расанд.
Адиз Бобоев аҳамияти ба назар гирифтани ниёзҳои мушаххаси минтақаҳоро ҳангоми сохтмони муассисаҳои нави таълимии томактабӣ таъкид ва зарурати бодиққат омода кардани қитъаҳои замини заруриро қайд кард.