Ovozi.uz

Дар Самарқанд «Фестивали касбҳо» ташкил карда шуд

Дар шаҳри Самарқанд ба муносабати 5-уми май — Рӯзи меҳнат ва касб «Фестивали касбҳо» баргузор гардид.

Чорабинии мазкур имкон дод, ки ҷавонон дониш ва тасаввурҳои интихоби касби худро васеъ намоянд ва самтҳои меҳнате, ки дар ҷомеа талабашон зиёд аз наздик шинос шаванд.

Дар фестивал ҳокими вилоят Адиз Бобоев иштирок намуда, бо ҷавонон суҳбат кард. Таъкид гардид, ки имрӯзҳо барои ҳар як ҷавон омӯхтани касбҳои замонавӣ ва кадри соҳибмалака шудан яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа мебошад.

Имрӯзҳо дар вилоят 60 техникум фаолият нишон дода, аз рӯи зиёда аз 130 касбҳои замонавӣ ва мутахассисиҳо кадрҳоро тайёр мекунад. Ин чорабинӣ барои ба ҷомеа расонидани имкониятҳои мазкур, равона кардани ҷавонон ба интихоби касби дӯстдоштаи худ хидмат мекунад. Дар чорабинӣ оид ба зиёда аз 20 навъи касбҳои замонавӣ ва серталаб намоишгоҳ ва намоишҳои амалӣ баргузор гардид.

Ба иштироккунандагони фестивал роҷеъ ба соҳаҳаои гуногун— саноат, хидматрасонӣ, технологияҳои ахборӣ, тиб ва соҳибкорӣ маълумоти муфассал дода шуд. Дар давоми фестивал ҷавонон бо мутахассиси касбҳои писандидаи худ бевосита суҳбат карданд. Ин навъи чорабиниҳо барои интихоби касб ба ҷавонон саҳми арзанда мегузорад.