Маҳаллаи Бӯзӣ яке аз маҳаллаҳои бонуфуз ва калонтарини ноҳияи Самарқанд ба шумор меравад. Дар ин ҷо беш аз 5300 нафар аҳолӣ тифоқу аҳлона истиқомат менамоянд.
Дар солҳои Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ба қатори дигар маҳаллаҳо аз ин ҷо ҳам 150 нафар ҷавонмардон ба ҷанги зидди фашистони Германия сафарбар шуданд. Аз онҳо 80 нафарашон дар набардҳои хунин қаҳрамонона ҳалок гардиданд, 70 нафари боқимонда ба ватан маъюб баргаштанд. Онҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фидокорона кор карда, дар солҳои гуногун ҳаётро падруд гуфтаанд. Ҳоло аз он иштирокчиёни ҷанг ягон нафаре дар қайди ҳаёт нест.
Соли 1976 корманди шӯъбаи корҳои дохилии вилоят, капитани милитсия, шахси бомаърифат ва ташкилотчии моҳир шодравон Амон Бӯтаев раиси маҳалла интихоб гардид. Вай аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба обод кардани маҳалла аҳамият дод. Бинобар ин, мардум то ба ҳол хизматҳои ӯро ба ёд меоранд.
Дар яке аз маҷлисҳои ҳисоботии маҳалла ба хотираи шаҳидони Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ барпо намудани ёдгориро пешниҳод карданд. Мардум ин нияти неки раиси маҳалларо якдилона дастгирӣ намуданд. Ба ин кори хайр муаллими тоифаи олии мактаби рақами 15, Аълочии маорифи халқи ҷумҳурӣ шодравон Раҷаббой Раззоқов низ камари ҳиммат баст.
Сохтмони ёдгорӣ моҳи феврали соли 1979 бо роҳи ҳашар сар шуда, рӯзи 9-уми майи худи ҳамон сол ба анҷом расид. Ба ин сохтмони бошукӯҳ зиёда аз 2000 нафар сокинони маҳалла кумак карданд. Тракторчиён ва ронандагон бо нақлиёти худ хизмат расонданд.
Дар сангҳои мармари пештоқи ёдгорӣ ному насаби 80 нафар шаҳидони ҷанг навишта шуданд.
Дар дохили ёдгорӣ музейи хурдакаке низ барпо карданд, ки аз таърихи гузаштаи халқи маҳалла, расму портретҳои иштирокчиёни ҷанг, шарҳи ҳоли 39 нафар зарбдорони ақибгоҳи фронт ва 18 нафар ҷанговарон акс ёфтаанд.
Музей роҷеъ ба таърихи маҳалла зиёда аз 50 экспонат дорад. Дар ин ҷо ҳатто шинелу либосҳои ҷанговарон, макети пулемёти «Максим»-ро дидан мумкин аст.
Дар пештоқи музей бо ҳарфҳои калон: «Қурбони Ватан шав, ки Ватан қурбони ту бошад!» навишта шудааст. Дар паси ин шиор аксҳои зиёда аз 100 нафар ҷанговарон, ордену медалҳои онон, гувоҳномаю ташаккурномаҳои ташкилотҳои гуногун ҷой дода шудаанд.
Пас аз ташкили чунин ёдгорӣ, ки дар Ӯзбекистон ягона маҳсуб меёфт, тариқи воситаҳои ахбори оммавӣ ва телевизиони мамлакатамон репортажу намоишномаҳо ба навор бардошта шуда буданд.
Аз ҳамон вақт инҷониб ҳар сол мардуми маҳалла ва атрофи он дар арафаи Рӯзи хотира ва қадршиносӣ ба хотири шаҳидони ҷанг ба ин ҷо ҷамъ омада, хотираи шаҳидони ҷангро пос медоранду гулу гулчамбар мегузоранд. Машъалаи ситораи сурх фурӯзон карда мешавад.
Соли равон, ки мо 81-солагии рӯзи ғалаба бар фашизмро ҷашн мегирем, ин ид бо як шукӯҳи тоза мегузарад. Имрӯзҳо корҳои ободонии маҳалла, атрофи ёдгорӣ ва дигар ҷойҳои ба назар намоёни он дар авҷ аст.
Шоири шаҳир Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, ки худ иштирокчии ин ҷанги хонумонсӯз аст, манзараҳои ҷангро чунин тасвир кардааст:
Агар дар ҷанг мемурдам,
Магар беҳуда мемурдам?
Ҷаҳонро, ишқро, дилро
Магар ҳамроҳ мебурдам?
Агар дар ҷанг мемурдам,
Ба синни бист мемурдам…
…Ки умеди зафар дар дил,
Ба худ ҳамроҳ мебурдам!
Солеҳ САИДМУРОДОВ, сокини маҳаллаи Бӯзии ноҳияи Самарқанд
