Ovozi.uz

“Аз дар ронанд аз тиреза дароед”

“Аз дар ронанд аз тиреза дароед” – мегуфтанд Шавкат Баҳромов

Шиносоии мо бо Шавкати Баҳром дар даромадгоҳи идораи рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” ба вуқӯъ пайваста буд. Солҳои донишҷӯӣ ҳангоме, ки ман бори аввал ба идораи рӯзнома меомадам, бо чанд андешаву хаёл аз дари даромадгоҳи бино ворид шудам. Дар он ҷо як марди миёнақад саросемавор худ ба худ гапзанон аз ин сӯ ба он сӯ мегашт. Дар даст чанд варақ коғаз дошту ҳар замон ба он нигоҳ карда, чизеро мехонду боз гапзаниашро идома медод. Агар аз дур мушоҳида намоед, гумон мекунед, ки ӯ барои маърӯзахонӣ тайёрӣ мебинад. Салом дода, хостам вориди идора шавам.

— Истед, ба назди кӣ меоед? — пурсид ӯ.

— Донишҷӯ ҳастам, ба рӯзнома мақола овардам.

— Ку ман бинам, — гӯён мақолаамро аз дастам гирифту сӯи утоқи кориаш роҳбаладӣ намуд.

Рӯи миз пур аз қоғазу коғазпораҳои майда буд. Дар рӯи баъзеи коғазҳо сангчаҳо гузошта шуда буд, ки кас аз дидани он ангушти ҳайрат мегазид. Аз болои гӯшаш, ки дар якеаш ручкаву дар дигараш қалами хурд гузошта буд, ручкаро гирифта, ба хондани мақолаи кӯтоҳам шурӯъ кард.

— Нағз, ғояи мақола хеле хуб аст. Аммо бо ҷумлабандиҳо камтар кор кардан лозим аст…

Ҳамин тавр, мақолаҳоям пасу пеш рӯи чопро диданд. Пас аз хатми донишгоҳ камина низ ба фаъолияти мухбирии рӯзнома шурӯъ намудам.

Ҳарчанд бо ин инсони некбин якҷоя 5 сол кор карда бошам ҳам бисёр чизҳоро омӯхтаам. Ҳоло ҳар гоҳ, ки ба навиштани мақолае шурӯъ мекунам, суханҳои Шавкат Баҳром ба ёдам меояд, ки ҳамеша такрор мекарданд: “Лидро бақувват кунед, зеро арзишмандии хабару мақоларо “лид” нишон медиҳад… ” ва ё “Аз роҳбарон наҳаросед, баъзеи онҳо корро ба қафо монда баҳонаҷӯӣ мекунанд, агар шуморо аз дар ронанд, аз тиреза равед. Нагузоред, ки ба шумо баҳонае ёфта, саволҳоятон беҷавоб монанд…”

Вақте ки бо Шавкат Баҳром якҷоя кор кардем, баъд аҳамияти қоғазпораҳои майдаву сангҳои рӯи мизро сарфаҳм рафтам. Ш.Баҳромов одами ниҳоят сарфакор буд, ҳатто як пораи коғази холиро низ намепартофт, ки барои навиштани хабаре кор меояд.

“…барои журналист коғазу қалам чун нон азизу ҳамчун обу ҳаво зарур аст” — таъкид мекард. Ӯро дилбохтаи забони модарӣ гӯем хато нахоҳем кард. Меҳраш ба забони модарӣ ниҳоят баланд буд. Бо вуҷуди он забонҳои русиву ӯзбекиро низ ба дараҷаи аъло медонист. Мақолаҳоро чунон соддаву равон менавишт, ки кас аз хондани он роҳат мекард. Ҳар гоҳе ки аз чизе нороҳат мегашт ё хиритабъ мешуд, шеъри “Овози Самарқанд”-и Ҷумъа Қувватро бо гитор ба мусиқӣ дароварда, бо овози баланд месароид. Овози ӯ бо садои гитор омехта, гашта ба гӯш чунон ҳам хуш мефорид, ки кормандони дигар низ ҳамроҳ мешуданд. Аз он ҳама болидахотир гашта, боз саргарми кор мешуданд.


Як ҷиҳати характери устод ба ман хеле сахт таъсир кардааст. Ӯ худ дар ҷайб маблағи кофӣ надошта бошанд, ҳам дар растаҳои китобфурӯшӣ ягон китобро бинанд, то маблағи охиринашон бошад, ки мехарид. Ҳатто аз нархи гуфтаи фурӯшанда зиёд пул медод. Баъзан бо фурӯшандаҳои китоб кашокашӣ мекард, ки чаро ба китоб нархи паст мондааст, зеро арзиши он китоб баланд аст.

Хулоса, хизматҳои устод барои рушди рӯзномаи «Овози Самарқанд» ва тарбияи мо барин навқаламон хеле назаррас аст. Хотираи некаш ҳамчун журналисти соҳибқалам дар дили мо шогирдон ҳамеша боқӣ хоҳад монд. Илоҳо, рӯҳаш шоду бистари хобаш то ба қиёмат бароҳат бошад!

Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА