65 нафар донишомӯзони мактаби ихтисонидаи Ангрен аз фанҳои гуногун сертификатҳо миллӣ ба даст оварданд. Дар ин бора телеграм-канали «Назорати таълим” хабар дод.
Дар он гуфта мешавад, ки 65 нафар донишомӯзони мактаби ихтисонидаи Ангрен аз фанҳои забони ва адабиёти ӯзбекӣ, биология, физика ва таърих сертификати миллӣ ба даст овардаанд. 22 нафари онҳо соҳиби сертификати дараҷаи А, А+, дигарон В, В+, С, С+ гардиданд.
Он чиз аҳамият дорад, ки 23 нафар донишомӯзон сертификат гирифта ба бахти пеш аз муддат донишҷӯ шудан муяссар гардиданд.
Ёдрас мекунем, ки чанде пеш 59 нафар хатмкунандагони яке аз мактабҳои Бухоро ҳамагӣ 158 сертификат ба даст оварда, 13 нафари онҳо пеш аз мӯҳлат 189 баллро нақд карда буданд.
