Ovozi.uz

Намунаи беҳтарини насри ҳаҷвӣ

Китобиёт

Китоби Баҳодури Ҷаббор, ки ба унвони «Ман маҳаллатӣ» дар нашриёти «Маҳорат»-и Самарқанд аз ҷониби фарзандони эшон ба чоп расидааст, намунаҳои ҳикоёт ва латифаҳои ҳаҷвии муаллифро фаро мегирад.
Ҳаҷв дар адабиёти тоҷик таърихи хеле тулонӣ дошта, донишмандон нишонаҳои онро ба манзумаи тамсилии «Дарахти ассурик» мансуб донистаанд.
Қадимӣ будани ин навъи маъмули осори насрӣ, ки латифа жанри аслии он ба шумор меравад, ба чанд омили муҳим вобаста аст. Гурӯҳе аз мардумони ҷаҳон дар таърих чун зарифтабъ, базлагӯй, хушгӯву хушрафтор эътироф шудаанд, ки латифсуханиву латифбаёнӣ дар тинату табиати онҳо ҷой доштааст.
Дар Бухоро бештар шириниҳо, дар Самарқанд маҳаллатиҳо. Аниқтараш дар қисмати ноҳияи Самарқанд деҳае мавҷуд аст, бо номи «Маҳалла», ки сокинонаш худро ҳамеша бо камоли ифтихор «Маҳаллатӣ» унвон мекунанд. Мардуми он низ дорои завқи баланд, ҳозирҷавоб, соҳибҳушанд ва ҷамъи чунин фазилатҳояшон сабаби нуфузи латифаҳо дар миёни ин мардум гардидааст. Вале, мутаассифона, камтар ҷамъоварӣ шудаанд.
Мардуми Самарқанд ва атрофи он ин деҳаи хурдакакро Габровои ин сарзамин медонанд ва дар маҷлису нишастҳои хеш бо камоли лутфу зарофат аз он ёдовар мешаванд. Ҳатто ҳангоми изҳори ҳолатҳои аҷибу ғариб аз ҳамнишину ҳамсуҳбат, ба ӯ «ту Маҳаллатӣ не-мӣ?» гуфта муроҷиат мекунанд. Нависанда Бахтиёри Ҷумъа дар хотироти хеш дар бораи профессор Саъдӣ Маҳдиев аз забони Тӯрабек Искандарӣ чунин ёдовар мешавад, ки «Мо – студентҳоро Саъдӣ Маҳдиев «маҳаллатӣ» мегуфтанд. Он кас дар хонаашон як ташкилоти мусофирони маҳаллатӣ ташкил карда буданд. Ҳар ҳафта рӯзи шанбе ё якшанбе моро ҷамъ мекарданд. Як деги калон доштанд, тахминан 100-150 литр об мебурд. Барои 60-70 нафар самарқандиҳое, ки дар мактабҳои гуногуни олии Душанбе мехонданд, аз ҳисоби худ ош карда медоданд. Агар ягон кас наомада монад, кас мефиристоданд, ки «ӯ чаро наомад?», «Ин маҳаллатӣ дар куҷо бошад?» – мепурсиданд».
Китоби «Ман маҳаллатӣ» намунаҳои ҳикоёт ва латифаҳои ҳаҷвии Баҳодури Ҷабборро фаро мегирад. Ба навиштаи сардабири маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» Асадуллоҳ Шукурзода, «ӯ хандида-хандида гиря карда метавонад. Ҳам гиря карда-гиря карда механдад. Актёр нест, вале нақш меофарад… зеро ӯ аз Маҳалла асту худро маҳаллатии асил меҳисобад».
Аз китоб огоҳ мешавем, ки Баҳодури Ҷаббор бо тавсия ва тақозои дӯсти наздикаш Акрамака ба навиштани ин саргузаштномаҳои лабрези лутф шурӯъ кардааст: «Дар бораи ту аз будаш ҳам бисёртар навиштанд, аз ойинаи нилгуни «Спорт» як соат баромад карда, ҳамаро қоил кардӣ. Ман ба як чиз ҳайрон, барои чӣ он чизе, ки худат аз сарат гузарондӣ, он саргузаштҳоеро, ки яке аз дигараш хандаовар, ҷозибанок, бозоргир, касмаёбанд, наменависӣ? Барои насли оянда ягон чиз намемонӣ? Охир, ин ноинсофӣ-ку?»
Бахши муҳими ҳикоят ва латифаҳои ин асар олимону шоирон ва донишмандону кормандони касбу кори гуногун мебошанд. Қисмате аз замони дигар, аз ҷумла, аз шунидаҳояш дар суҳбати падар ва хешовандони дигар нақл шудаанду бахши дигар аз дидаву шунидаҳои худи муаллиф. Аз ин рӯ, Ғафур Ғулом ва Мирзо Турсунзода, Шавкат Шукурови бедилшинос ва олиму устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Шариф Акрам – котиби бахши Иттифоқи нависандагони Самарқанд ва дигарон қаҳрамонони навиштаҳои Баҳодури Ҷаббор ҳастанд, ки бо маҳаллатиҳо сару кор гирифтаанд.
Худи нависанда ҳам чанд фазилати муҳим ва нодир дорад, ки он боиси мулоқоти вай бо шахсиятҳои барҷастаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ба таъбири худаш «20 ҳазор варзишгари ҷаҳонро ном ба ном медонад, дар кадом мусобиқаҳои олимпӣ, ҷаҳонӣ, қитъавӣ ё дохилӣ ё аз рӯйи кадом соҳаи спорт ғолиб омадааст, зиёда аз 2000 номи ҷамоаи варзишӣ, зиёда аз 120 давлати дунё, зиёда аз 50 намуди варзиш ва таърихи он, номи садҳо довар, садҳо иншооти варзиширо медонад». Воқеоти ҳикоёти китоб дар Самарқанду Америка ҷараён гирифтаанд. Дар асл рӯйдодҳои амрикоиро дар китоби алоҳида бо номи «Феномен» бо забони русӣ ба чоп расонидааст. Бахши муҳими ин воқеаҳои нодири зиндагии муаллиф бо номи «Ҳелло, Америка!» дар тарҷумаи ӯзбекӣ аз ҷониби Фозил Тиловатов соли 2023 нашр гардидааст.
Роҷеъ ба ҷанбаҳои муҳими мавзуиву сабкии асари саргузаштии Баҳодури Ҷаббор «Ман маҳаллатӣ» метавон бештар аз ин изҳори назар намуд, вале ҳамин як баррасии кутоҳ моро ба ин натиҷа мерасонад, ки он як таълифи арзишманд ва намунаи барҷастаи насри ёддоштии бо шеваи ҳаҷв нигошташуда ба шумор меравад.

Нуралӣ НУРЗОД,
профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд,
Нодир ҚАЮМОВ,
дотсенти Донишкадаи омӯзгории Самарқанд