Дирӯз дар шаҳри Тошканд, дар Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон бо ташаббуси рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон муаррифии монографияи дастаҷамъии «Zamonaviy jurnalistika va sunʼiy intellekt: istiqbollar va muammolar» («Журналистикаи замонавӣ ва зеҳни сунъӣ: дурнамо ва муаммоҳо») баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ Илҳомҷон Тӯхтасинов, раиси Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон Шуҳрат Орипов, сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов, устоди донишгоҳи зикргардида Берунӣ Алимов, муаллифони монография, олимону муҳаққиқоне, ки дар самти журналистика таҳқиқот мебаранд, рӯзноманигорони варзида ва намояндагони ВАО иштирок карда, дар бораи мазмуну мундариҷа ва муҳтавои китоб, инчунин нақши зеҳни сунъӣ дар журналистикаи муосир ва дурнамои соҳаи ВАО мубодилаи афкор намуданд. Зикр гардид, ки монографияи «Журналистикаи замонавӣ ва зеҳни сунъӣ: дурнамо ва муаммоҳо» дар Ӯзбекистон аввалин китобе мебошад, ки таҳқиқотҳои илмии марбут ба журналистикаро фаро гирифта, аз ин рӯ, аҳамияти таърихӣ ҳам дорад ва заминае дар пажӯҳиши муҳаққиқони ҷавон хоҳад шуд.
— Имрӯзҳо зеҳнӣ сунъӣ ба як қисми ҷамъият табдил ёфтааст ва дар ҳамаи соҳаҳо ба мо ёрӣ медиҳад, — гуфт ректори донишгоҳ И.Тӯхтасинов. — Вале зарар ва ҷиҳатҳои манфии он ҳам кам нестанд. Боиси хурсандист, ки дар китоби мазкур баробари бартариҳои зеҳни сунъӣ, камбудӣ ва муаммоҳои он ҳам холисона зикр гардидаанд. Як ҳақиқатро дуруст бояд қабул кард, ки зеҳни сунъӣ рақиби журналистика на, балки ёвари он мебошад. Он тезкорӣ ва имкониятҳои техникиро таъмин менамояд. Ва ин ҳақиқат дар монография бо далелҳо оварда шудааст. Ин китоб барои профессорон, докторони фан, магистранту донишҷӯён ва ҷомеаи васеи китобхонон ҳамчун манбаи илмии бузург хидмат хоҳад кард.
— Монографияи мазкур, ки таҳти рукни «Аз китобхонаи «Овози Самарқанд» нашр шудааст ва асарҳои эҷодии рӯзноманигорон, муҳаққиқон ва донишҷӯёнро дар мавзӯи зеҳни сунъӣ дар бар мегирад, бешубҳа, яке аз нодиртарин китобҳо дар соҳаи журналистикаи муосир мебошад, — гуфт раиси Иттиҳоди журналистон Ш.Орипов. — Ин аз он далолат медиҳад, ки журналистони мо то ҳадди имкон, кӯшиш менамоянд, ки ҳамгоми замон бошанд ва фаъолияти худро бо муассиртарин технологияҳо пеш баранд. Боварӣ дорам, ки китоби мазкур барои донишҷӯёни соҳа ва ба ҳар фарде, ки ба журналистика шавқ дорад, дастурамали хуб хоҳад шуд.
Дар охир, аз ҷониби сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Б.Раҳмонов ба муаллифони мақолаҳо сертификатҳо сурпурда шуд.
