Сармураббии дастаи “Манчестер Сити” Хосеп Гвардиола пас аз анҷоми мавсими имсола дастаро тарк мекунад. Дар ин бора сомонаи расмии “шаҳриҳо” хабар дод.
Дар изҳороти клуб гуфта мешавад, ки мутахассиси каталонӣ, ки моҳи июли соли 2016 роҳбарии дастаро ба уҳда гирифта буд, дар тӯли даҳ соли фаъолияташ ба яке аз муваффақтарин мураббиёни таърихи даста табдил ёфт.
Гвардиола дар ин муддат бо “Манчестер Сити” 20 ҷоми бузургро ба даст оварда, ҳамчун муваффақтарин сармураббӣ дар таърихи даста фаъолияти худро ба анҷом мерасонад.
Бо роҳбарии Пеп, “Манчестер Сити” ба яке аз пурқудраттарин дастаҳои ҷаҳон табдил ёфта, борҳо қаҳрамони Премйер-лигаи Англия гардид ва дар мусобиқаҳои аврупоӣ низ натиҷаҳои назаррас ба даст овард.
Бо вуҷуди тарки вазифаи сармураббӣ, Гвардиола ҳамкории худро бо City Football Group идома медиҳад. Ӯ дар вазифаи сафири глобалии ин сохтор фаъолият намуда, ба дастаҳои гурӯҳ машваратҳои техникӣ медиҳад ва дар лоиҳаҳои гуногуни рушд иштирок хоҳад кард.
