Ovozi.uz

Зеҳни сунъӣ — ёвари нави журналистика

Бо мақсади амалӣ намудани корҳои тарғиботию ташвиқотие, ки дар Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев (аз 14‑уми октябри соли 2024 таҳти рақами 358) «Дар бораи тасдиқи Стратегияи рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ то соли 2030» ва Фармон «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба рушди минбаъдаи технологияҳои зеҳни сунъӣ» зикр шудаанд, аввалин монографияи дастаҷамъӣ дар Ӯзбекистон таҳти унвони «Журналистикаи муосир ва зеҳни сунъӣ: дурнамо ва мушкилот»-и рӯзномаи вилотии «Овози Самарқанд» дар ҳамкорӣ бо шуъбаи вилоятии Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон ва Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд (ДДЗХС) аз чоп баромад.
Монография аз мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавии дар бораи истифодаи зеҳни сунъӣ дар журналистика иборат аст.
Китоб зери назари муҳаррири масъул, сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд», доктори фалсафа оид ба илмҳои фалсафа (PhD) Баҳодур Раҳмонов нашр шуд. Тақризчиён доктори илмҳои филология Берунӣ Алимов, профессорон Наргис Қосимова ва Эркин Мусулмонов мебошанд. Дар монография мақолаҳои олимони Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов, Институти давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд, Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон, Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияҳои оммавии Ӯзбекистон ва мутахассис, журналист ва омӯзгорони дигар гирд оварда шудаанд. Мақсади монография ворид намудани таҷрибаи ҷаҳонӣ ба журналистикаи миллӣ ва таҳлилу татбиқи амалияҳои ҷорӣ мебошад. Дар он шумо метавонед ба саволҳое чун «Зеҳни сунъӣ чист?», «Ҷанбаҳои мусбат ва манфии он аз чӣ иборатанд?», «Дар соҳаи журналистика, аз ҷумла дар матбуот ва медиа, журналистон чӣ гуна метавонанд аз зеҳни сунъӣ кумак гиранд ва ба суръат, сифат ва осонӣ ноил шаванд?», «Истифодаи амалӣ ва омӯзиши назариявии зеҳни сунъӣ дар журналистикаи ҷаҳонӣ ва миллӣ чӣ гуна сурат мегирад?» ҷавоб ёбед. Маълум аст, ки зеҳни сунъӣ системаи компутериест, ки ба иҷрои меҳнати фикрии мағзи сари инсон мутобиқ карда шудааст. Ба хотир гирифтани маълумоти воридшуда, эҷоди матн дар асоси онҳо, иҷрои таҳриру тарҷума, клонкунии овоз ва чеҳра, тавлиди (генератсия) расм, видео, аудио, офаридани суруд, ҳикоя, филм ва мултфилмҳо аз ҷумлаи онҳост. Ин аз ҷониби баъзе олимон ҳамчун ёвари хуби журналистон дар вазифаҳои техникӣ, аз қабили кор бо ҳисоботҳои молиявӣ ва омор, муайян кардани талаботи аудитория арзёбӣ шавад, баъзе журналистони дигар онро бо назардошти мушкилоти марбут ба фактчекинг (санҷиши фактҳо), ҳуқуқи муаллифӣ, кибербехатарӣ, bias (ғаразнокӣ), коҳиши нишондиҳандаи таъмини шуғл ва инчунин ба сабаби он ки зеҳни сунъӣ танҳо дар асоси алгоритмҳои мавҷуда кор мекунад ва дар он тафаккури хоси инсонӣ, диди интиқодӣ ва эҷодкорӣ мавҷуд нест, онро рад мекунанд. Хусусан, яке аз муаллифони монография Берунӣ Алимов зеҳни сунъиро ба корд монанд карда, чунин мегӯяд: «Бо корд метавон ҳам оши лазизи самарқандӣ пухт ва ҳам метавон касеро кушт. Зеҳни сунъӣ низ маҳз ҳамин гуна чиз аст».
Ғайр аз ин, дар монография назарсанҷиҳо дар бораи он, ки расонандаи маълумот — журналист ва қабулкунандаи он — хонандагон то чӣ андоза аз зеҳни сунъӣ истифода мебаранд ва ҳаққонияти маълумоти интернетиро чӣ гуна месанҷанд, гузаронида шудааст. Мувофиқи он, маълум гардид, ки дар саросари ҷумҳурӣ 31 дарсади журналистон дар фаъолияти кории худ аз зеҳни сунъӣ истифода мебаранд ва 10,4 дарсади корбарони интернет ҳаққонияти маълумотро тавассути барномаҳои махсус, аз ҷумла барномаҳои зеҳни сунъӣ месанҷанд.
Дар фарҷоми монография луғати тафсирии истилоҳот низ тартиб дода шудааст, ки дар он калимаҳои нави марбут ба журналистикаи муосир ва технологияҳои зеҳни сунъӣ, ки ба луғатҳои забонӣ ворид нашудаанд, шарҳ дода шудаанд.
Бино ба таъкиди муҳаррири масъули монография Баҳодур Раҳмонов, олимон вобаста ба ояндаи зеҳни сунъӣ чунин пешгӯиҳо мекунанд:
— дар оянда таҳти истилоҳи трансгуманизм ё монанди ин, роботҳои нимоҳан ва нимодам истеҳсол карда мешаванд. Дар ин ҷо дасту пои оҳанӣ ва бадани оҳанӣ дар назар дошта шудааст. Ин, аз як тараф метавонад барои шахсони дорои маъюбият давои тиббӣ бошад, вале аз тарафи дигар маънои ба бадани робот кӯчонидани тамоми сари инсонро дорад. Яъне, ин трансформатсияи мағзи сар ва ҳамаи панҷ узви эҳсос, аз қабили биноӣ, шунавоӣ, шамидан ва чашидан ба робот мебошад.
— пешгӯии дигар ин аст, ки он дар оянда на танҳо дар асоси зеҳни сунъии одӣ, балки дар асоси зеҳни сунъии умумӣ (AGI) бо технологияҳои компутерӣ имкони рақобати баробар бо мағзи сари инсон ва ҳатто кӯшиши аз он гузаштанро хоҳад дошт. Инро дар илм AGI, аз англисӣ «Artificial General Intelligence», яъне тавре ки дар боло зикр кардем, «Зеҳни сунъии умумӣ» меноманд.
Чунин ихтирооти илмӣ дар Ғарб аз нимаи дуюми асри гузашта оғоз шуда, бори аввал олим Ҷон Маккарти дар анҷумани Дортмунд истилоҳи «зеҳни сун­ъӣ»-ро истифода бурда, пешниҳод кард, ки тафаккури инсон ба алгоритмҳои мошинӣ ворид карда шавад. Пас аз 6 соли ин, дар соли 1956, олими математик Алан Тюринг «тести Тюринг»-ро эълон карда, зеҳни сунъӣро аз санҷиш гузаронид. Бо ин, зеҳни сунъӣ, ки аз баъзе кӯшишҳои нобарори байн ба воя расидааст, дар давоми панҷ соли охир бо суръати калон маъруфият пайдо кард, мавриди интиқодҳо қарор гирифт ва ҳамчун таҳдиди бузург шинохта шуд. Аз ҷумла, ҳоло дар давлатҳое мисли ИМА, Хитой ва Италия дар навиштани хабар, тарҷума, таҳрир, интихоби сарлавҳа ва омӯзиши талаботи аудитория аз зеҳни сунъӣ васеъ истифода мебаранд.
Ҳамчун хулоса гуфтан мумкин аст, ки дар оянда дар иҷрои вазифаҳои техникӣ ва ҷисмонӣ, асосан аз технологияҳои зеҳни сунъӣ истифода шуда, рақобат дар мавриди шуғл миёни мутахассисон шиддат мегирад ва интизор меравад, ки одамон, асосан ба меҳнати фикрӣ машғул шаванд ва кашфиёту ихтироот ва эҷодиёти нав баҳои баланд хоҳанд гирифт.

Зиннура ИЛҲОМҶОНОВА