Ovozi.uz

Модар ва овози фарзанд

Рӯзе аз донишгоҳ сӯи хона мерафтам. Аз назди бозори Сиёб мегузаштам, ки телефонам занг зад. Дидам, ки модарам занг мезанад. Намедонам чаро, вале ҳамон лаҳза ҷавоб надодам ва телефонро хомӯш кардам.

Ҳангоме аз бозор мебаромадам як манзара дили маро такон дод: зани калонсоле дар даст телефон гиря мекард. Ба назди ӯ рафта пурсидам:

— Холаҷон, чаро гиря мекунед?

Ашкҳои чашмашро поккунон гуфт:

— Ба писарам занг задам, аммо вай баъдтар гап мезанам гуфт. Худо саломатиашро диҳад, вале дилам ноором аст.

Бо шунидани ин суханон чеҳраи ғамгини модарам дар пеши назарам пайдо шуд. Ман худи ҳамин корро бо модарам карда будам. Зуд аз назди он зан дур шудам ва аввалин коре, ки кардам, ба модарам занг задан шуд.

Дарк кардам, ки барои модар чизе муҳимтар аз шунидани овози фарзандаш нест. На маблағ, на туҳфа, балки танҳо як сухани «Модарҷон, ман хубам» дили ӯро таскин медиҳад.

Модар тамоми умр барои фарзанд ранҷ мекашад, вале бар иваз танҳо мехоҳад садои ӯро бишнавад. Пас, мо фарзандон бояд ҳаргиз модарро интизор нагузорем. Як суҳбати телефонии кӯтоҳ метавонад ба ӯ як олам шодӣ ва хотири осуда бахшад.

Диёр РОЗИҚЗОДА
донишҷӯ