Ovozi.uz

Дар вилоят дурнамои рушди соҳаи моҳипарварӣ баррасӣ гардид

Дар ҳокимияти вилоят ҷамъомаде баргузор шуд, ки ба масъалаҳои рушди минбаъдаи соҳаи моҳипарварӣ бахшида шуда буд. Дар он роҳбарони хоҷагиҳои фермерӣ ва ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳдуд, ки дар ин соҳа фаъолият мекунанд, инчунин намояндагони Садорати ҳавзаи системаҳои обёрии «Зарафшон», Садорати рушди байторӣ (ветеринария) ва чорводорӣ, шуъбаи ҳудудии Палатаи кадастрҳои давлатӣ, ҶММ «Samarqandbaliqsanoat» ва мутахассисони нозироти назорати бехатарии иншооти хоҷагии об иштирок намуданд.

Дар ҷамъомад вазъи кунунии соҳаи моҳипарварӣ дар вилоят, мушкилоти мубрами соҳа ва роҳҳои бартараф намудани онҳо ҳамаҷониба баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, ба масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои об, мушкилоти расмикунонии қитъаҳои замин, такмили хизматрасониҳои байторӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолот тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои интенсивӣ диққати махсус дода шуд.

Аз ҷониби мутахассисон роҷеъ ба татбиқи васеи усулҳои муосир ва интенсивии парвариши моҳӣ, истифодаи оқилонаи об ва баланд бардоштани рақобатпазирии соҳа як қатор пешниҳодҳои амалӣ баён гардиданд. Ҳамчунин иштирокчиёни чорабинӣ мушкилоте, ки дар фаъолияти худ бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, ошкоро гуфта, роҷеъ ба ҳалли онҳо бо намояндагони ташкилотҳои масъул мубодилаи афкор карданд.

Дар поёни ҷамъомад вазифаҳои афзалиятнок ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи соҳаи моҳипарварӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти босифати моҳӣ муайян карда шуданд.