Дар озмунҳои театри мактабии «Турон» ва ансамбли мактабии «Иқтидор», ки дар пойтахтамон баргузор шуданд, дастаи «Турон»-и мактаби таълими умумии рақами 80-и шаҳри Самарқанд ва дастаи «Наво»-и мактаби таълими умумии рақами 14-и шаҳри Каттақӯрғон ғолиби мутлақ гардиданд.
Ғолибҳо дар истгоҳи роҳи оҳани Самарқанд ботантана истиқбол гирифта шуданд.
Дар маросими истиқбол иҷрокунандаи вазифаи сарвари Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят Рустам Юлдошев донишомӯзонро самимона бо пирӯзиҳояшон табрик гуфта, ба онҳо дар таҳсил ва фаъолияти эҷодии ояндаашон муваффақиятҳои бузург таманно кард.
Ёдрас мекунем, ки ҳарду дастаи ғолиб барои сафари таълимӣ ба хориҷа роҳхат гирифтанд.
