Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Президенти мамлакат «Дар бораи байни аҳолӣ ба ҳаракати оммавиву маърифатӣ табдил додани бозии интеллектуалии «Заковат» ва ривоҷ додани бозиҳои зеҳнии дигар» ба 1063 то маҳаллаи вилоят мизҳои махсуси «Заковат» тақдим гардид.
Дар доираи «Соли рушди маҳалла ва ташаккули ҷомеа» оиди мустаҳкам кардани базаи моддиву техникӣ, беҳгардонии муҳити иҷтимоӣ ва инфрасохтори ҳудуд корҳои васеъмиқёс ба роҳ монда шуданд. Аз оғози соли равон дар шаҳру ноҳияҳо қариб 20 бинои нави маҳалла ба истифода супорида шуд.
Инчунин, дар 32 маҳаллае, ки мақоми «Маҳаллаи дорои симои Ӯзбекистони Нав» дода мешавад, корҳои ободонӣ бурда мешавад. Дар ин маҳаллаҳо роҳҳо ва шабакаҳои муҳандисӣ нав гардида, майдончаҳои кӯдакон ва варзишӣ бунёд мегарданд.
Ҳудудҳои сабз ташкил шуда, барои ривоҷ додани соҳаҳои хизматрасонӣ ва соҳибкорӣ, офаридани ҷойҳои нави корӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда мешавад. Барои ин ба ҳар як маҳалла аз ҳисоби буҷет 5 миллиард сӯм маблағ ҷудо шудааст.
Бо мақсади суръат бахшидан ба ҷараёни рақамикунонӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба 289 маҳалла техникаҳои замонавии компютерӣ инчунин, барои фароҳам овардани шароити мусоид ба фаъолияти самараноки «Ҳафтгонаи маҳалла» ба 125 маҳалла маҷмӯаҳои мебели замонавӣ супорида шуд.
Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳо барои раисони маҳаллаҳо семинарҳои омӯзишӣ гузаронида мешавад. Дар онҳо масъалаҳои истифодаи самараноки бино ва техникаҳои замонавӣ, васеъ намудани имкониятҳои молиявӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ баррасӣ мегарданд.
