Ovozi.uz

Аз 1-уми июл дар Ӯзбекистон нафақа ва кӯмакпулӣ, аз 1-умии сентябр маош ва стипендияҳо зиёд мешаванд

Бо фармони Президент аз 1-уми июли соли 2026 дар Ӯзбекистон нафақа ва кӯмакпулӣ, аз 1-уми сентябр маош ва стипендияҳо 7 дарсад меафзоянд.

Президенти Ӯзбекистон рӯзи 23-юми июн ба Фармон дар бораи зиёд намудани миқдори музди меҳнат, нафақа, стипендия ва кӯмакпулиҳо имзо гузошт, хабар дод Вазорати адлия.

Аз 1-уми июл нафақа ва кӯмакпулиҳо, аз ҷумла кӯмакпулӣ барои кӯдакон ва оилаҳое, ки ба ресстри иҷтимоӣ дохил гардидаанд, 7 дарсад зиёд карда мешаванд: миқдори нафақаи камтарин аз рӯи синну сол ба дараҷаи 983 ҳазор сӯм (ҳоло – 918 ҳазор сӯм); миқдори нафақаи камтарин аз рӯи ногироӣ – 1,083 млн. сӯм (1,012 млн. сӯм); андозаи базавии ҳисоби нафақа – 504 ҳазор сӯм дар як моҳ (471 ҳазор сӯм).

Миқдори ҳармоҳаи кӯмакпулӣ барои бачаҳо дар оилаҳои камтаъминшуда, ки дар рӯйхати реестри иҷтимоӣ ҳастанд, чунин муайян шудаанд: ба кӯдаки то 3 сола – 386 ҳазор сӯм (ҳоло – 360 ҳазор сӯм); ба бачаи аз 3 то 18 сола – 295 ҳазор сӯм (275 ҳазор сӯм); ба кӯдаки дуюм – 177 ҳазор сӯм (165 ҳазор сӯм); ба кӯдаки саввум ва баъдинаҳо – 118 ҳазор сӯм (110 ҳазор сӯм).

Ёрии моддӣ ба оилаҳои камтаъминшуда дар як моҳ 450 ҳазор сӯмро ташкил мекунад (420 ҳазор сӯм).

Аз 1-уми сентябр маоши ходимони ташкилотҳои буҷетӣ ва стипендияи донишҷӯён низ 7 дарсад меафзоянд.

Аз 1-уми сентябр миқдори камтарини музди меҳнат 1,36 млн. сӯмро ташкил мекунад (ҳоло – 1,271 млн. сӯм).

Андозаи базавии ҳисоб (АБҲ, ки барои муайян намудани ҷарима, боҷ ва дигар пардохтҳои муайяншуда истифода мебаранд) аз 412 ҳазор то 440 ҳазор сӯм зиёд карда мешавад.