Ovozi.uz

Оилаи рӯзноманигорон

Рӯзноманигорӣ танҳо як касб нест. Ин масъулият, эътимод ва қарзи муқаддас дар назди ҷомеа аст. Барои рӯзноманигор шудан танҳо дониш кофӣ нест. Ин роҳ нутқи равон, иродаи қавӣ, нигоҳи устувор ва масъулияти бузургро талаб мекунад. Дар паси ҳар сухан ҷавобгарӣ ва дар пушти ҳар баромад ҳақиқат меистад. Зеро рӯзноманигор кӯпруки пайванди мардум бо ҳақиқат аст.

Рӯзноманигорон касонеанд, ки хабарро ба мардум дақиқ, саривақт ва беғалат мерасонанд. Онҳо бо замон ҳамнафасанд, бо ҳақиқат зиндагӣ мекунанд ва эътимоди мардумро дар қалби худ нигоҳ медоранд.

Аз кӯдакӣ дар дилам нисбат ба ин касб муҳаббати беандоза ҷой дошт. Ҳар боре, ки тариқи оинаи нилгун рӯзноманигоронро медидам, худро дар ҷойи онҳо тасаввур мекардам. Планшетро ба даст гирифта, гӯё ахбор мехонда бошам, борҳо машқ менамудам. Дар хонаи мо садои радио ҳамеша танинандоз буд ва ман дар дилам як орзуро такрор мекардам:

«Кош, рӯзе ман ҳам дар сафи журналистон қарор гирам…»

Солҳо гузаштанд. Ман бошам, аз паи орзуҳоям рафтан гирифтам. Гарчанде дар донишгоҳ ихтисоси рӯзноманигориро нахонда будам, шавқу рағбати зиёдам маро аз ин роҳ бознадошт. Кӯшишҳоямро дида, ба ман имконият доданд ва ман ба олами рӯзноманигорӣ ворид шудам.

Чор сол дар Телерадиоканали Фарғона фаъолият кардам, инчунин муддате дар телевизиони Сӯх кор бурдам. Ҳамзамон дар радиоҳои Сирдарё ва Сурхондарё ҳамчун ҳамсуҳбат иштирок намудам. Ҳар минтақа, ҳар эфир ва ҳар баромад барои ман таҷрибаи нав ва дарси тозае гардид. Ин роҳ маро обутоб дод, нутқамро равонтар ва ҷаҳонбиниамро васеътар намуд.

Акнун, агар насиб бошад, ният дорам фаъолияти худро дар Телерадиои Намангон идома диҳам. Ин барои ман марҳилаи нав, имтиҳони нав ва дари имкониятҳои тоза аст.

Албатта, ин роҳ ҳамеша ҳамвор набуд. Нокомӣ, мушкилӣ ва санҷишҳои зиёде пеш омаданд. Аммо ман дарк намудам, ки дар паси ҳар озмоиш, ҳикмати Парвардигор нуҳуфтааст. Ҳар монеа маро қавитар ва устувортар гардонд.

Ва рӯзе тақдир маро бо як рӯзноманигори дигар рӯ ба рӯ кард. Ин танҳо як вохӯрии оддӣ набуд. Гӯё ду роҳ дар як нуқта ба ҳам расида бошанд, гӯё ду дил барои як мақсад муттаҳид гардида бошанд. На танҳо касб, балки ҷаҳонбинӣ, хислат, орзу ва мақсадҳои мо низ ба ҳамдигар бисёр монанд буданд. Ҳатто, номҳои мо низ шабоҳати аҷибе доштанд. Ин тасодуф набуд. Ин қисмате буд, ки Худованд бо маҳорати беназир навишта буд.

Ӯ маро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намуд. Ба ман эътимод бахшид, илҳом дод ва бо андешаҳои нав рӯҳбаланд кард. Ман низ ба туфайли ин пуштибонӣ ба касби худ бештар дил бастам ва қавитар гардидам. Акнун дар ин роҳ танҳо набудам — мо якҷоя будем. Имрӯз бошад, бо ифтихор гуфта метавонам: мо на танҳо зиндагиро, балки рӯзноманигориро низ якҷоя интихоб кардем. Мо хонаводаи рӯзноманигоронро бунёд намудем.

Рӯзноманигор барои нон не, барои ном кор мекунад. Зеро ӯ хуб медонад, ки номи нек, обрӯ ва эътимоди мардум бузургтарин сармояи ӯст. Дар ин касб арзишмандтарин мукофот — эътимоди мардум ва ҷой гирифтан дар қалби инсонҳост. Мо ин роҳро беҳуда интихоб накардаем. Мақсади бузурге дорем — рӯзноманигороне бошем, ки сазовори эътимоди мардуму Ватан ҳастанд, дар паси ҳар суханашон виҷдон ва масъулият истад. Мо дарк кардем, ки ҳар сатри навишта ва ҳар сухани гуфташуда метавонад ба қалби ҷомеа таъсир расонад. Аз ин рӯ, ба касби худ бо муҳаббат, нияти пок ва ҳисси баланди масъулият муносибат мекунем. Бовар дорем, ки агар аз омӯзиш, ҷустуҷӯ ва такмили худ бознаистем, ҳатман дар ҷомеа ҷойгоҳи арзанда пайдо хоҳем кард ва ба сафи ҷавонони соҳибэҳтиром ва таъсиргузор хоҳем пайваст. Зеро мо ҷавонони одӣ не, балки овози фардо, посдорони ҳақиқат ва оилаи рӯзноманигоронем.

Фархунда Равшанзода