Дар Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва мероси мадании “Роҳи Абрешим”-и Самарқанд таҳти мавзӯи “Самарқанд — майдони мулоқоти ҷавонон ва намояндагони ВАО-и бародаршаҳрҳо” пресс-тур гузаронида шуд.
Дар он ғолибони озмуни “Оё шумо бародаршаҳрҳои Самарқандро медонед?” донишҷӯён, намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ ва кормандони идораҳои мутасаддӣ иштирок намуда, дар бораи зиёд кардани дониши ҷавонон аз рӯи дипломатияи халқӣ ва ривоҷи ҳамкориҳои байналхалқӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар доираи чорабинӣ ба меҳмонон роҷеъ ба таърихи куҳан, ёдгориҳои меъморӣ ва имкониятҳои сайёҳии Самарқанд маълумотҳо дода шуд. Инчунин, оид ба муносибатҳои бародарии Самарқанд бо зиёда аз 30 шаҳри ҷаҳон, лоиҳаҳои муштарак маълумот гирифтанд. Ғайр аз ин иштирокчиён бо самтҳои замонавии таълим, имкониятҳои ҳамкориҳои байналхалқӣ ва шароити барои донишҷӯёни хориҷӣ муҳайёшуда шинос шуданд.
Дар охир байни Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва мероси мадании “Роҳи Абрешим” ва Иттиҳоди шаҳрҳои бародар Меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Ҳуҷҷати мазкур доираи ҳамкориро дар самти муаррифии донишгоҳ дар чорабиниҳои байналхалқӣ, тарғиби фаъолияти он дар бародаршаҳрҳо, ба таълим ҷалб кардани фарзандони ҳамватанонамон, ки берун аз Ватан зиндагӣ доранд ва ба роҳ мондани ташаббусҳои дигар васеъ мекунад.
Интизор меравад, ки ҳамкории нав ба таҳкими робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи таълим, рушди мубодилаи академӣ ва болоравии нуфузи донишгоҳ дар арсаи ҷаҳонӣ хизмат мекунад.
— Густариши робитаҳои байни бародаршаҳрҳо барои таҳкими дӯстии халқҳо, рушди дипломатияи халқӣ, ҷалби ҷавонон ба ҳамкориҳои байналхалқӣ ва ҳамҷиҳатии байни халқҳо хизмат мекунад, — гуфт раиси Иттиҳоди бародаршаҳрҳо Зокир Абидов. – Гузаронидани чунин мулоқотҳо бошад ба рушди муносибатҳои дӯстона, мубодилаи таҷриба ва татбиқи ташаббусҳои муштараки ҷавонон аҳамиятнок аст.
Дар охир байни ҷавонон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокчиён чунин ташаббусҳоро барои таҳкими дӯстии байни халқҳо ва рушди ҳамкориҳои байналхалқӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА
