Дар Хона-музейи устод Садриддин Айнӣ дар шаҳри Самарқанд бахшида ба 90-солагии зодрӯзи адабиётшиноси маъруф, шоир, омӯзгори соҳибэҳтиром ва собиқ роҳбари ин муассисаи фарҳангӣ Абдукарим Ғанизода ҷамъомади ёдбуд баргузор шуд. Дар чорабинӣ намояндагони аҳли илму адаб, зиёиёни Самарқанд, шогирдон, дӯстону ҳамкасбони А.Ғанизода ширкат варзида, аз фаъолияти пурбори илмӣ ва хислатҳои волои инсонии ӯ ёдоварӣ карданд.
Нахуст Амриддин Пӯлодов, раиси кунунии Хона-музейи устод Садриддин Айнӣ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки Абдукарим Ғанизода солҳои тӯлонӣ барои ҳифзу нигоҳдории мероси гаронбаҳои устод Айнӣ, омӯзиш ва тарғиби осори ӯ хизмати арзанда анҷом додааст. Ба гуфтаи ӯ, саҳми вай дар рушди фаъолияти хона-музей ва тарбияи муҳаққиқони ҷавон назаррас буд ва номи ӯ дар таърихи ин муассиса бо эҳтиром ёд мешавад.
Дилбар Имомова, собиқадори меҳнат, аз инсонгароӣ, меҳрубонӣ ва хоксории ӯ ёдовар шуд. Раҳим Қаюмов, корманди собиқи Осорхонаи вилоятии Самарқанд, Абдукарим Ғанизодаро шахси донишманд ва дилсӯзи фарҳанг номид. Ӯ таъкид кард, ки Ғанизода ҳамеша барои ҳифзи осори таърихию адабӣ ва муаррифии арзишҳои фарҳангӣ бо масъулияти баланд фаъолият мекард.
— Устод на танҳо ҳамчун адабиётшиноси варзида ва шоир, балки ҳамчун инсони поквиҷдон, нексиришт ва равшанфикр дар ёди ҳамагон боқӣ мемонад. Мероси илмӣ ва фаъолияти ӯ барои насли имрӯз ва оянда мактаби ибрат аст, — гуфт Баҳодур Раҳмонов, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд».
Дар ҷараёни чорабинӣ дигар иштирокчиён низ аз рӯзгору фаъолияти пурсамари Абдукарим Ғанизода ёдовар шуда, бо эҳсоси самимият хотираҳои шахсии худро нақл намуда, таъкид карданд, ки ӯ пеш аз ҳама инсони нек ва ҳамеша омодаи дастгирии дигарон буд.
Дар анҷом иштирокдорони чорабинӣ аз намоиши суратҳо ва корҳои анҷомдодаи Абдукарим Ғанизода дидан карданд.
