Ovozi.uz

Дар ёдгории Мингтепа саройи ҳукмдори эҳтимолии ба асри VIII милодӣ дахлдор муайян карда шуд

Дар давоми тадқиқотҳо, ки дар ёдгории бостоншиносии Мингтепаи ноҳияи Ҷомбой гузаронида мешавад, пасмондаҳои меъмории саройи ҳукмдори эҳтимолии асри VIII милодӣ муайян гардид.

Корҳои ҷустуҷӯи бостоншиносӣ аз тарафи кормандони илмии Институти бостоншиносии Самарқанд Амриддин Бердимуродов, Ҳусниддин Раҳмонов ва Нигора Раҳматова амалӣ карда мешаванд.

Дар натиҷаи кофтуковҳо сохтори меъмории маҷмӯаи сарой, ки ба нимаи якуми асри VIII мансуб аст ва дар қисми Арк (қалъа)-и ёдгорӣ ҷойгир шудааст кушода шуд.

Мутахассисон таъкид мекунанд, ки услуби сохтмони иншоот дар омӯзиши шаҳрсозиву меъморӣ ва сохтори идораи давлатии даври асрҳои аввалин манбаи муҳими илмӣ ба ҳисоб меравад.
Инчунин, дар давоми корҳои кофтуковӣ аз қисми толори сарой намунаҳои ҳайкалтарошӣ оиди асри VIII ёфт шуда, роҷеъ ба онҳо тадқиқотҳои илмӣ бурда мешаванд.

Бостоншиносон қайд мекунанд, ки бозёфтҳои мазкур дар бораи ҳаёти сиёсӣ ва мадании ёдгории Мингтепа, барои баровардани хулосаҳои нави илмӣ дар бораи рушди таърихии мавзеъ дар асрҳои аввалин хизмат хоҳад кард.