Дар Ӯзбекистон муассисаи давлатии «Оператори миллии лоиҳаҳои фарҳангӣ» таъсис дода шуд. Он ба омодагӣ ва баргузории чорабиниҳои бузурги фарҳангии сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла Фестивали байналмилалии мусиқии «Шарқ тароналари» дар Самарқанд машғул мешавад.
Муассисаи нав дар назди Бунёди рушди фарҳанг ва санъат дар заминаи Дирексияи фестивалҳои байналмилалии Вазорати маданият таъсис дода шудааст. Ин дар қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 17-уми июли соли 2026 таҳти рақами ҚП-270 пешбинӣ гардидааст.
Ҳуҷҷат ба васеъ намудани содироти маҳсулот ва хизматрасониҳои фарҳангӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунии лоиҳаҳои фарҳангӣ ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии фестивали «Шарқ тароналари» равона шудааст.
Оператори миллӣ ҳангоми ташкили чорабиниҳои бузург аз як қатор имтиёзҳо бархӯрдор хоҳад шуд. Аз ҷумла, хизматрасониҳо оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ёрии таъҷилии тиббӣ ва хизматҳои бехатарии роҳ (ХБР) ба таври ройгон пешниҳод карда мешаванд.
То 1-уми январи соли 2030 таҷҳизот, воситаҳои саҳнавӣ ва техникӣ, реквизит, асбобҳои мусиқӣ, маводи таблиғотӣ, экранҳои LED, дронҳо ва дигар ашёи зарурие, ки барои баргузории чорабиниҳо ворид карда мешаванд, аз пардохти боҷи гумрукӣ озод мебошанд. Барои таъминоти техникии чорабиниҳои бузург ба оператор инчунин иҷозат дода мешавад, ки дронҳо ва экранҳои LED-ро ворид намуда, нигоҳ дорад.
Аз соли 2027 Фестивали байналмилалии мусиқии «Шарқ тароналари» ҳар ду сол як маротиба баргузор карда мешавад.
Бо ин қарор инчунин вазифаҳо, ҳуқуқҳо ва манбаъҳои маблағгузории Оператори миллӣ, ҳайати кумитаи тадорукоти фестивали «Шарқ тароналари» ва барномаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории он тасдиқ гардидаанд.
Ҳуҷҷат аз 21-уми июли соли 2026 мавриди амал қарор гирифт.
