Барномаи рушд
Ноҳияи Пахтачӣ яке аз минтақаҳои дурдасти вилоят ба шумор меравад, ки имрӯз ба марҳалаи нав ва рушди босуръати худ қадам мегузорад. Ин минтақа замоне танҳо бо дастовардҳо дар соҳаи аграрӣ (кишоварзӣ) ба забон гирифта мешуд, имрӯз ба маркази лоиҳаҳои бузурги индустриалӣ (саноатӣ), ҷозибаи сармоягузорӣ ва зерсохтор (инфрасохтор)-и муосир табдил меёбад.
Нишондиҳандаҳои мақсадноки барои соли равон муайяншуда нишон медиҳанд, ки ноҳия саъй дорад симои нави худро на танҳо дар сатҳи вилоят, балки дар миқёси ҷумҳурӣ низ намоиш диҳад. Зеро дар ин ҷо гап танҳо дар бораи рақамҳо нест, балки дар бораи беҳбудии пурраи сифати ҳаёти аҳолӣ ва ислоҳоте меравад, ки аз шаҳраки Зиёвуддин сар шуда, то дурдасттарин маҳаллаи Қарнабота таъсир мерасонад.
Стратегияи ноҳия барои соли 2026 — ин тавассути ба кор андохтани омилҳои пешбарандаи иқтисодӣ (драйверҳо) ду баробар коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, муттаҳид намудани сармояи хориҷӣ бо иқтидор (потенсиал)-и минтақавӣ ва кафолати ҳимояи иҷтимоии ҳар як шаҳрванд мебошад. Вақте ба барномаи он назар меандозем, шоҳиди тағйирот (трансформатсия)-и сохтории иқтисодиёти минтақа мешавем. Дар ин раванд таваҷҷуҳи асосӣ ба таъмини мустақилияти буҷети маҳаллӣ тавассути ба 1366,3 миллиард сӯм расонидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нигаронида шудааст. Ин рақамҳо танҳо омори оддӣ нестанд, балки маънои ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар шаҳраки Зиёвуддину маҳаллаҳои атрофи он ва беҳдошти фаъолият дар минтақаҳои хурди саноатиро доранд.
Афзоиши 118,8‑дарсадии пешбинишудаи соҳаи хизматрасонӣ нишон медиҳад, ки тарзи ҳаёти аҳолии ноҳия тағйир ёфта, фарҳанги сервис ва тиҷорат ба марҳалаи нав мебарояд. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо дар асоси принсипи «муносибати лоиҳавӣ» ба кор андохтани 244 маркази нави тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст, ки он аз маҳсулоти хӯрокворӣ то хизматрасониҳои технологияҳои баландро дар бар мегирад.
Дар ин миён лоиҳаи 35‑миллиондолларии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Stannum taurus» аҳамияти махсус дорад. Тавассути гирифтан ва коркарди маъдани қалъагӣ, Пахтачӣ на танҳо ҳамчун минтақаи кишоварзӣ, балки ҳамчун минтақаи дорои саноати кӯҳкории рушдёфта ба майдони байналмилалӣ мебарояд.
Сафарҳои расмии нақшавӣ ба давлатҳое мисли Чин ва Туркия, инчунин ба воситаи сохтори GSP+ ворид шудани соҳибкорони маҳаллӣ ба бозорҳои Иттиҳоди Аврупо, барои ба 32,1 миллион доллар расонидани иқтидори экспортии ноҳия заминаи мустаҳкам мегарданд. Ин равандҳо дар асоси принсипи «аз соя баровардан» — легализатсия (қонунигардонӣ)-и 2175 ҷойи нави корӣ ва ба буҷети маҳаллӣ ворид шудани 148,2 миллиард сӯм даромадро кафолат медиҳанд.
Дар соҳаи кишоварзӣ Пахтачӣ пешсафии анъанавии худро ҳифз намуда, ба технологияҳои интенсивию муосир мегузарад. Дар заминаи нақшаи парвариши маҳсулот ба маблағи 3194,6 миллиард сӯм, сохтори нави истифодаи замин меистад. Кишти пунбадона дар асоси технологияи Шинҷон бо усули дуқатора, гирифтани 100‑сентнерӣ ҳосили ғалла аз майдони 5554 гектар ва аз нав азхудкунии 400 гектар заминҳои аз гардиш берунмонда, ба таъмини амнияти озуқаворӣ нигаронида шудаанд. Дар айни замон, дар шароити камчинии об, дар майдони 3335 гектар роҳандозии технологияҳои каммасрафи об гувоҳи он аст, ки деҳқонони Пахтачӣ ба инҷиқиҳои табиат омодаанд. Васеъшавии фермаҳои чорводорӣ, паррандапарварӣ ва моҳипарварӣ устувории нархи маҳсулоти гӯшту ширро дар бозори дохилӣ таъмин менамояд.
Навсозии зерсохтор симои иҷтимоии ноҳияро пурра тағйир медиҳад. Рушди комплексии маҳаллаҳои «Фай» ва «Қарнабота» бо симои «Ӯзбекистони Нав» ва бунёди хонаҳои истиқоматии муосир барои 269 хонавода қадами стратегӣ дар беҳбуди шароити зисти аҳолӣ мебошад. Ба 89 дарсад расонидани таъминоти оби ошомиданӣ, таъмири беш аз 34 километр роҳҳо ва тавассути лоиҳаи «Буҷети ташаббуснок» бевосита бо иштироки халқ ҳал шудани мушкилоти маҳаллаҳо принсипҳои адолати иҷтимоиро дар ҷомеа мустаҳкам мекунад. Махсусан, 1,1 миллион бех ниҳоле, ки дар доираи лоиҳаи «Макони сабз» шинонда мешаванд, барои мусаффоии муҳити экологии Пахтачӣ хизмат хоҳанд кард.
Масъалаи бузургдошти қадри инсон ва ҳимояи иҷтимоӣ нуқтаи марказии стратегияи Пахтачӣ мебошад. Барои то 2,3 дарсад коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, кори инфиродӣ бо 1280 оила ба роҳ монда шуда, тавассути лоиҳаҳое чун «Зани меҳнатдӯст» ва «Имконияти баробар» сохтори бо кор таъмин намудани шахсони дорои ногироӣ ва занони ниёзманд ташкил карда шудааст. Тадбирҳои скринингӣ дар соҳаи тандурустӣ, омӯзонидани занону духтарон дар самтҳои IT ва STEAM, ҷудо кардани субсидияҳо барои омӯзиши забонҳои хориҷии ҷавонон, ҳамаи инҳо сармоягузориҳое мебошанд, ки ба шаклдиҳии капитали инсонии ояндаи Пахтачӣ нигаронида шудаанд.
Тамоми имкониятҳо сафарбар карда шудаанд, ки то охири соли равон ноҳияи Пахтачӣ на танҳо бо нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, балки бо розигӣ ва некӯаҳволии мардум ба яке аз минтақаҳои намунавитарини вилояти мо табдил ёбад. Дар ин раванд, сохтори кор дар сатҳи маҳаллаҳо (маҳаллабайъ) ва фаъолнокии намояндагони «ҳафтгона» кафолати асосии муваффақият хоҳад буд.
