Ovozi.uz

Ӯзбекистон Ватани умумии ҳамаи мост!

Ба муносибати 30-юми июл – Рӯзи дӯстии халқҳо дар «Хонаи дӯстӣ»-и шаҳри Самарқанд чорабинии фарҳангиву маърифатӣ баргузор гардид. Дар он фаъолони ҷамъиятӣ, аҳли фарҳанг, ҷавонон ва вакилони васоити ахбори оммавӣ иштирок намуданд.

Ҷамъомадро муҳаррири рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов ифтитоҳ намуд. Дар идомаи чорабинӣ роҳбари шуъбаи Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои ғайридавлатии ғайритиҷоратии Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд Шоим Кенҷаев, профессорони Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ҷумъа Ҳамроҳ ва Абдуваҳҳоб Воҳидов, инчунин муҳаррири маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» Асадулло Шукуров ба сухан баромада, оид ба аҳамияти дӯстии халқҳо, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар ҳарф заданд. Таъкид гардид, ки дӯстии байни миллатҳо яке аз омилҳои муҳими рушди ҷомеа ва пойдории тинҷиву осоиштагӣ мебошад.

– Ӯзбекистон Ватани умумии ҳамаи мост, – гуфт раиси Маркази милливу мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд Шуҳрат Самадов. – Дар кишвари мо барои ҳамаи миллатҳо ҷиҳати ҳифз ва рушди забон, маданият ва анъанаҳои миллӣ имкониятҳои хуб фароҳам оварда шудаанд. Чунин чорабиниҳо риштаҳои дӯстӣ ва эҳтироми мутақобиларо боз ҳам таҳким бахшида, намояндагони миллатҳои гуногунро ба ҳам наздиктар месозад.

Дар охири чорабинӣ як гурӯҳ фаъолоне, ки дар таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии осоиштаи намояндагони миллатҳои гуногун саҳми арзанда доранд, бо ташаккурнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.

Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА