Дар нимаи аввали соли равон бо мақсади ғанӣ гардондани бойгонии музей-мамнӯъгоҳи давлатии «Самарқанд», ҳифзи намунаҳои таърихи миллӣ ва мероси маданӣ, инчунин ба наслҳои оянда расондани онҳо аз аҳолӣ 232 бозёфти бостоншиносӣ, аз ҷумла тангаҳои қадима, маводҳои нумизматикӣ, маҳсулоти заргарӣ ва этнографӣ, асарҳои санъати тасвирӣ, асбобҳои мусиқӣ ва китобҳои дастнавис харида шуд. 5 ашёи ноёбро ба сифати тӯҳфа тақдим карданд.
– Дар доираи аксияи умумихалқии «Ҳиссаи ман дар мероси миллӣ» барои музейҳои диёрамон аз аҳолӣ харидани ашёҳои қадима ва ноёб ё ки ба сифати тӯҳфа қабул намудани онҳо барои боз ҳам ғанӣ гардонидани бойгонии музейҳои мо, ҷамъоварии маълумотҳои нав роҷеъ ба таърих ва маданияти халқи мо хизмат мекунад, — гуфт ҷонишини директори музей-мамнӯъгоҳи давлатии «Самарқанд» Сафура Рӯзимуродова. — Ҳар сол барои ин аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷети барои ҳар як вилоят 500 миллион сӯм пул ҷудо карда мешавад. Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳое, ки имсол ҷудо карда шудаанд, дар нимсолаи аввали сол муяссар шудем 279 миллион сӯмина ашёҳои ноёб харида гирем. Ашёҳое, ки харида шуданд, давр ва самтҳои мухталифро дарбар мегиранд. Мисол, дар байни онҳо ороишоти биринҷӣ барои камар, аз ангуштпонаҳои қадимаи дар шакли сари мор буда сар карда, то драхмаҳои ба асри III пеш аз милод мансуб, дирҳамҳои сулолаи Сомониён ва тангаҳои асри XVI даври Шайбониҳо ҳастанд. Ашёҳои мазкур барои омӯхтани таърихи давлатдорӣ, муносибатҳои савдоиқтисодӣ ва тангашиносӣ дар қаламрави мамлакатамон аҳамияти муҳим доранд.
Инчунин, асбобҳои мусиқӣ, ки дар Самарқанд ва минтақаҳои дигар сохта шудаанд, аз ҷумла сози Ҳамроҳ ва рубоби Қашқар, гӯшвораҳои ҳалқадор, найча ва дастпонаҳои ба мактабҳои заргарии Хоразм ва Бухоро мансуб низ музейҳои моро боз ҳам ғанӣ гардонданд. Ҳар яки онҳо баробари ашёи қадима будан, аз гузаштаи дури анъанаҳои ҳунармандии халқ далолат медиҳанд. Аз маҷмӯъҳои этнографӣ, ки аз аҳолӣ харидаанд, ҷелак, токчапӯш, болинпӯш, ойнахалта, сандуқпӯш ва дастархон барин ашёҳои кашидадӯзии миллӣ ва лӯхтакҳо ҷой мегиранд. Ашёҳои мазкур дар худ тарзи зиндагӣ, санъати амалии ороиш ва арзишҳои миллии халқи моро муҷассам мекунанд.
Дар ин самт корҳоро идома дода, ҳоло барои харидани портретҳои намояндагони маъруфи ҳаракати ҷадидии Туркистон Вадуд Маҳмуд, Саидаҳмад Васлӣ, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва дастхати «Маснавии Нозим», ки ба асри XIX мансуб аст, музокираҳо бурда мешавад.
Ашёҳои ноёбе, ки аз аҳолӣ харида ё ки чун туҳфа гирифта шудаанд, дар музейҳо дар ҳоли ба экспозитсияҳо илова намудан ва ё ки дар намоишгоҳҳо алоҳида нишон дода мешаванд.
