Ovozi.uz

Рӯзи 29-уми июл сессияи сиючоруми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор мешавад

Дар ин бора дар фармоиши раиси Шӯрои намояндагони халқи вилоят Ш.Негматов аз 26-уми июли соли равон «Дар бораи даъвати сессияи навбатии сию чоруми Шӯрои намояндагони халқи вилоят даъвати ҳафтум» маълум карда шудааст.

Ба рӯзномаи сессия дохил намудани масъалаҳои зерин пешбинӣ шудааст:

➖ дар бораи ҳисоботи ҳокими вилояти Самарқанд А. Бобоев роҷеъ ба корҳое, ки барои рушди маҷмӯи иҷтимоӣ-иқтисодии вилояти Самарқанд дар нимаи якуми соли равон амалӣ карда шудаанд;

➖ дар бораи баррасии лоиҳаи стратегияи рушди вилояти Самарқанд то соли 2030;

➖ дар бораи ҳисоботи сардори садорати корҳои дохилии вилоят Т. Арипов роҷеъ ба корҳое, ки барои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқ вайронкунӣ амалӣ карда шудаанд;

➖ дар бораи ҳисоботи сардори садорати бехавфии ҳаракат дар роҳи садорати корҳои дохилии вилоят Б. Нигманов роҷеъ ба иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 4-уми апрели соли 2022 «Дар бораи чорабиниҳо барои таъмини амнияти боварибахши инсон ва назаррас кам кардани ҳолатҳои марг дар роҳҳои автомобилгард»;

➖ дар бораи эътироф намудани ҳуқуқҳо ба қитъаҳои замин, ки худсарона аз худ карда шудаанд, инчунин бино ва иншоотҳои дар онҳо бунёд карда;

➖ дар бораи тасдиқи консепсияи лоиҳаи «Роҳандозии технологияҳои замонавии обёрии сарфа кунандаи об дар хоҷагии қишлоқи Узбекистон»;

➖ дар бораи истифодаи манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоят;

➖ дар бораи ба дер мондани (қисм-қисм пардохтан) муддати пардохти андозҳои молумулк, замин ва истифода аз захираҳои оби шахсони юридикӣ ва ғайра.