Ovozi.uz

Корбари ChatGPT аз OpenAI ба суд шикоят бурд

Сокини 55-солаи штати Флоридаи ИМА Скотт Уинтерс бар зидди ширкати OpenAI ва муассиси он Сэм Алтман ба суд даъво пешниҳод кардааст. Ба гуфтаи ӯ, маслиҳатҳои тиббии ChatGPT вазъи саломатиашро бадтар намуда, қариб боиси марги ӯ шудаанд.

Тибқи маводи парванда, Уинтерс муддати тӯлонӣ бо чат-бот дар бораи вазъи саломатиаш машварат мекард ва бо вуҷуди тавсияи наздиконаш аз муроҷиат ба беморхона худдорӣ намудааст. Баъдан ӯ ба тромбоэмболияи шадиди ҷараёни шуш гирифтор шуда, қариб ҷон бохтааст.

Даъвогар аз суд талаб кардааст, ки ба ӯ ҷуброни молиявӣ пардохт гардад ва OpenAI вазифадор шавад. Барои пешгирии чунин ҳолатҳо чораҳои иловагии амниятиро ҷорӣ намояд.

Дар навбати худ, ширкат таъкид кардааст, ки ChatGPT табиб нест ва тавсияҳои он ҷойгузини кумаки касбии тиббӣ шуда наметавонанд.