Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ 64 дарсади аҳолии Ӯзбекистон вазни зиёдатӣ доранд. Қариб 3 миллион нафар кӯдак ва наврасон, инчунин беш аз 40 дарсади занони аз 15 то 49‑сола аз фарбеҳӣ азият мекашанд.
Кишвари мо дар байни мамлкатҳои Осиёи Марказӣ дар ҷои якум ва дар рейтинги ҷаҳонӣ дар ҷои 59‑ум меистад. Албатта, фарбеҳӣ ва барзиёдии вазн талафоти калони иқтисодиро ҳам ба бор меорад.
Мо барои равшанӣ андохтан ба ин масъала бо шифокори тоифаи олӣ, табиб-эндокринологи филиали Маркази ихтисосонидаи тиббиёти илмӣ-амалии эндокринологии ҷумҳурӣ дар Самарқанд Аъзам Эшонқулович ҲАМЗАЕВ сӯҳбат оростем.
— Аъзам Эшонқулович, биёед, сӯҳбатро аз муқаддима сар кунем. Бигӯед, ки худи фарбеҳӣ чист?
— Фарбеҳӣ ин ҳолатест, ки дар организм равғани зиёд ҷамъ шуда, ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад. Сабаби асосии он вайрон шудани низоми байни нерӯи аз ғизо гирифта ва қувваи сарфкардаи организм мебошад. Вақте инсон бештар аз талаботи бадан хӯрок мехӯрад ва фаъолияти ҷисмониаш кам аст, вазнаш зиёд мешавад. Ирсият, стресс, камхобӣ ва баъзе бемориҳои гормонӣ ҳам сабаби фарбеҳӣ мегарданд.
— Ҳоло бисёриҳо вазни барзиёд доранд, яъне фарбеҳ шудаанд. Оқибатҳои фарбеҳӣ одамро бо чиҳо рӯ ба рӯ карданаш мумкин аст?
— Имрӯзҳо бисёр одамон вақти зиёдро паси компутер ё телефон мегузаронанд ва ҳаракати ҷисмонӣ коҳиш ёфтааст. Ин ҳолат, махсусан миёни кӯдакон ва ҷавонон, аз ҷумла занони ҷавон бештар ба назар мерасад. Фаромӯш набояд кард, ки оқибатҳои фарбеҳӣ иллатҳои дигарро ба бор меоваранд. Баланди фишори хун, бемориҳои дилу рагҳо, диабети қанд, хасташавӣ ва паст шудани қобилияти корӣ аз қабили ҳамин гуна бемориҳо мебошанд. Ғайр аз ин, фарбеҳӣ ба ҳолати рӯҳии инсон низ таъсир мерасонад. Аз ҳамин сабаб, то ҳадди имкон, бояд онро пешгирӣ кард. Пешгирии фарбеҳӣ аз риояи тарзи ҳаёти солим оғоз меёбад.
— Оё рост аст, ки шахсони зиёдвазн бештар ба бемории қанд дучор мешаванд?
— Бале. Чӣ тавре, ки гуфтем, фарбеҳӣ яке аз муаммоҳои маъмултарини саломатии замони ҳозира аст ва омили асосии хатари пайдоиши бемории диабети навъи 2 мебошад. Равғани зиёдатии тана ҳассосияти баданро ба инсулин коҳиш медиҳад, ки боиси баланд шудани сатҳи қанди хун мегардад.
Аломатҳои асосии диабети навъи 2 ташнагӣ, зуд-зуд пешоб кардан, гуруснагии доимӣ, хастагӣ, хира шудани чашм ва суст шифо ёфтани захмҳо мебошанд. Агар ин беморӣ табобат карда нашавад, он метавонад ба мушкилоти ҷиддӣ, аз қабили бемориҳои дилу раг, норасоии гурда, аз даст додани биноӣ ва осеби системаи асаб оварда расонад.
Барои пешгирии ин беморӣ, нигоҳ доштани вазни мувофиқ, парҳези дуруст, машқҳои ҷисмонии мунтазам, маҳдуд кардани ширинӣ ва хӯрокҳои равғанӣ, инчунин мунтазам назорат кардани сатҳи қанди хун зарур аст.
Риояи тарзи ҳаёти солим роҳи таъсирноктарини пешгирии фарбеҳӣ ва диабети қанди навъи 2 мебошад.
— Фарбеҳӣ дараҷа ҳам дорад?
— Ҳа, дарҷаҳои якум, дуввум ва саввум. Аслан, инро фарбеҳӣ не, балки вазни барзиёди тана мегӯянд.
— Фарбеҳӣ, яъне вазни зиёдатии инсон чӣ гуна муайян карда мешавад?
— Индекси массаи бадан (BMI) усули маъмули ченкунии фарбеҳӣ мебошад. BMI-ро бо роҳи тақсим кардани вазни шахс (дар килограмм) ба квадрати баландии қад (бо метр) ҳисоб кардан мумкин аст. Пас аз он натиҷаи бадастомада бо таснифи вазни диаграммаи BMI муқоиса карда мешавад. Диаграммаи BMI ба камвазн, вазни муқаррарӣ, вазни зиёдатӣ ва фарбеҳии аз ҳад зиёд дар асоси буришҳои мушаххас тасниф шудааст. Дар ҳамин ҷо як чизро қайд кард, ки варзишгарон метавонанд фоизи ками равғани бадан дошта бошанд. Вазни онҳоро асосан мушакҳо ташкил мекунанд. Аз ин рӯ, фоизи равғани бадан бояд муайян карда шавад. Роҳҳои зиёде барои ҳисоб кардани фоизи равғани бадан, аз андозагирии оддӣ то санҷишҳои гаронбаҳо вуҷуд доранд.
— Бемалол бошад, барои фаҳмотар шудани индекси вазни тана дар ин бора муфассалтар маълумот медодед?
— Масалан, индекси вазни тана агар 18,5‑ро ташкил кунад, вазни тана ба дараҷаи зарурӣ нест. Ва хавфи гирифтори касалиҳои рагҳои хуну дил шудан камтар мебошад. Вале гирифтори муаммоҳои клиникии дигар гардидан баланд аст. Агар аз 18,5 то 24,9 бошад, ин вазни муқаррарӣ ба ҳисоб меравад. Агар 25,0–29,9 бошад, баланд арзёбӣ мегардад. Дараҷаи якуми фарбеҳӣ 30,0–34,5 (баланд), дараҷаи дуввум 35,0–39,9 (ниҳоят баланд) ва дараҷаи саввум аз 40 боло (аз ҳад баланд) ташхис гузошта мешавад. Барои муайян кардани дараҷаи фарбеҳӣ, инчунин гирдогирди миён ҳам чен карда мешавад. Фарбеҳӣ асосан дар байни занон бештар мушоҳида мегардад. Фарбеҳии занонро баъзан гноидӣ ва мардонро андроидӣ меноманд.
— Мардуми мо фарбеҳшавиро аз хӯрдани хӯроки бисёр медонанд. Ҳамин гап рост аст?
— Чи тавре ки дар боло гуфтем, хӯрокхӯрӣ ҳам боиси фарбеҳӣ мегардад. Калорияи хӯрок ҳар чӣ қадар баланд, хӯрокиҳои серравған, аз холестринҳо бой ва ё хӯрокиҳои хамирӣ бошанд, калорияи онҳо баланд аст. Баъди хӯрдани ин хел хӯрокиҳо одам бояд ҳаракат кунад. Дар ҷои кори камҳаракат кор кунад, ё каме хобад, хӯроки ҳазмшуда, ба бофтаҳои чарб табдил меёбанд. Барои ҳамин, дар ҷои аввал камҳаракатӣ ва дар ҷои дуввум хӯрокхӯриҳои бенизом ба фарбеҳӣ оварда мерасанд. Вале бофтаҳо дар сабзавот, кабудиҳо ё масалан, карамро гирем, бештар мебошанд, онҳо меъдаро пур кунанд ҳам, камколорияанд. Ҳисси сершавӣ диҳанд, ки нерӯ намедиҳанд. Агар мо хоҳем, ки фарбеҳ нашавем, ҳамин гуна маҳсулотҳоро бештар истеъмол кунем ва ин неъматҳо майли фарбеҳшавиро кам мегардонад. Баъди хӯрок ҳатман одам бояд ҳаракат кунад. Ҳеч набошад, гардад. Агар 10000 қадам партофта натавонад, камтар — 5000 ё 3000 қадам занад ва энергияи аз хӯрок гирифтаашро харҷ намояд.
— Баъзеҳо иддао мекунанд, ки баъди қабули сӯзандоруҳои гарм ё фарбеҳкунанда соҳиби вазни барзиёд шудаанд?..
— Мардум ҳамаи перепаратҳои моро фарбеҳкунанда мепиндоранд. Дар асл ин нодуруст аст. Аммо баъзе гармонҳое ҳастанд, ки дар ҳақиқат одамро фарбеҳ мегардонанд. Фарбеҳӣ авлодӣ ҳам мешавад. Масалан, дар аҷдодашон одамони фарбеҳ бошанд, наслҳои онҳо низ фарбеҳ мешаванд. Ё нишонаҳои фарбеҳиро дар одамоне, ки баъди хӯрок хӯрдан ҳамчун ронанда ба рейс мебароянд, ё камхоб ҳастанд, мушоҳида кардан мумкин аст. Масалан, дар фарбеҳони дараҷаи саввум гоҳо хобида мондан ва ё ҳангоми нафаскашӣ ба душвориҳо дучор шуданашон ҳам мушоҳида карда мешаванд. Дар ин хел одамон ба вуҷуд омадани касалиҳои гипертонӣ, эндокринӣ, диабети қанд, бемориҳои буғум ва ғайра бештар ба мушоҳида мерасанд.
— Барои бартараф кардани вазни барзиёд бисёриҳо парҳез мекунанд, вале парҳез ҳам фоида намебахшад…
— Перҳез аз тарафи мутахассисон бояд тартиб дода шавад. Бисёриҳо барои харобшавӣ пагоҳиҳо хӯрок намехӯранд. Ин ҳам нодуруст аст. Чунки инсон пагоҳ нонушта ва пешину бегоҳӣ хӯрок хӯрад. Дар таомҳои парҳезӣ, ки диетолог ва кринологҳо тартиб медиҳанд, ҳатто фаъолии ҷисмонӣ ҳам ба назар гирифта мешавад. Баъзе доруворҳои харобкунанда низ ҳастанд, вале онҳоро ҳам бо тавсияи мутахассисон қабул кардан зарур аст.
— Баъзеҳо ақида доранд, фарбеҳон умри дароз намебинанд, ҳамин гапҳо асос доранд?
— Одам ҳар чӣ қадар фарбеҳ бошад, ҳамон қадар бо касалиҳои гуногун рӯ ба рӯ мегардад. Муқовимати иммунитети инсон ба бемориҳо суст мешавад ва одам саломатии худро бой медиҳад.
— Саволи охирин: ҳамчун мутахассис барои пешгирии вазни зиёд шумо чӣ хел маслиҳатҳо медиҳед?
— Ҳама медонад, ки пешгирии беморӣ аз табобат беҳтар аст. Ба одамоне, ки фарбеҳанд ва ё вазни зиёдатӣ дошта бошанд, тавсия дода мешавад, ки ҳамеша дар бораи он, ки чӣ мехӯранд ва чӣ қадар машқ мекунанд, як меъёри муайянро нигоҳ доранд. Барои пешгирии фарбеҳшавӣ аз ҳама аввал одамон ба парҳези солим ва аз рӯи низом рӯ оранд.
Ҳадди ақал ҳафтае 150–300 дақиқа ба фаъолияти ҷисмонии мӯътадил машғул шаванд. Истеъмоли қанд ва хӯрокҳои равғаниро маҳдуд кунанд. Ҳар шаб 7–9 соат бихобанд. Идоракунии стресс ҳам муҳим аст. Инчунин вазни баданро мунтазам назорат кунанд…
Мусоҳиб Бахтиёри ҶУМЪА
