Сол аз сол ангуру меваҳои кишвари мо дар ҷаҳон маъруфияти бештаре пайдо мекунад. Онҳо баробари ширину хушмазза будан аз ҷиҳати экологӣ тоза, дар намуд зебо ва барои саломатӣ манфиатоваранд. Бинобар ҳамин, дар вилояти мо ба кишту парвариши онҳо ҳам эътибори калон дода мешавад.
Дар ихтиёри хоҷагиҳои фермерӣ 29,8 ҳазор гектар току боғ мавҷуд аст. Ҳар сол масоҳати онҳо васеъ гардонида мешаванд. Ҷойи боғу токзорҳои камдаромадро ниҳолҳои хушсифату серҳосил мегиранд.
Имсол дар фасли баҳор 1038 гектар боғ бунёд карда шуд. Дар фасли тирамоҳ ташкили боз 866 гектар боғҳо дар назар аст.
Ба ҷои 797 гектар боғҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ зараровар, аз ҷумла 119 гектар дар Булунғур, 114 гектар дар Ҷомбой, 156 гектар дар Нуробод, 52 гектар дар Оқдарё, 200 гектар дар Пастдарғом, 68 гектар дар ноҳияи Самарқанд ва ғайра боғҳои саноатӣ бунёд карда шуданд.
Боғбонҳо то ин давра 187 ҳазор тонна мева ба даст оварданд, ки 20 ҳазор тоннаи онро ба хориҷа содирот карданд.
Аз 45 ҳазор гектар токзорҳои минтақа, 65 дарсади онҳо серҳосил мебошанд. Дар 6,3 ҳазор гектар токзорҳо технологияҳои обёрии қатрагӣ роҳандозӣ карда шудааст. Токҳои қариб 8 ҳазор гектар ба сутунпояҳои симкашида бардошта шудаанд.
Имсол бунёди 1685 гектар токзорҳои нав ба нақша гирифта шуда буд. Дар фасли баҳор ба ҷои 679 гектар 683 гектар токзорҳои нав бунёд гардиданд. Инчунин, дар майдони 892 гектар токзорҳои саноатии серҳосил ба нашъунамо сар карданд.
Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, то охири сол 650 ҳазор тонна ангур истеҳсол ва 97 ҳазор тоннаи он ба содирот бароварда мешавад.
Мухбири худамон
