Ovozi.uz

Дарвин Нунйес ба дастаи Муҳаммад Салоҳ меояд

Ҳамлагари собиқи бошгоҳи “Ливерпул” Дарвин Нунйес, ки моҳи августи соли гузашта ба сафи “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ пайваста буд, ба гузариши иҷоравӣ ба “Трабзонспор”, ки бозигари дигари собиқи “Ливерпул” Муҳаммад Салоҳ, низ дар он бозӣ мекунад, наздик аст.

Дар ин бора хабарнигор Николо Скира дар шабакаҳои иҷтимоии X хабар додааст.

Ба гуфтаи манбаъ созишномаи гузаришии Нунйес ба тими туркӣ бомуваффақият анҷом ёфтааст ва ҳама шартҳо аллакай мувофиқа шудаанд.

Ҳамлагари 27-сола мавсими 2025/2026 дар сафи “Ал-Ҳилол” 24 бозӣ анҷом дода, нӯҳ гол ва панҷ партофти голӣ ба номаш навишта кардааст.

Хотиррасон мекунем, ки тобистони гузашта бошгоҳи кишвари Арабистони Саудӣ Нунйесро аз “Ливерпул” ба маблағи 53 миллион евро харидорӣ кард. Тибқи иттилои сомонаи Transfermarkt арзиши тахминии бозигари уругвайӣ 20 миллион евро аст. Шартномаи ӯ бо ин абардастаи кишвари Арабистони Саудӣ то тобистони соли 2028 эътибор дорад.